Ширкати намояндагони 30 давлати ҷаҳон дар Форуми соҳибкории шаҳри Душанбе

Имрӯз, 14 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ-имконияти нави сармоягузорӣ» ба кори худ оғоз кард.

Форумро Cарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуда, бо маърӯзаи муфассал баромад намуд.

Ба гуфтаи Қ.Расулзода, Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодии давраи гузариш ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид. «Мо танҳо аз соли 2000 ба марҳалаи рушд ворид гардида, пешрафти босуботи иқтисодиётро дар заминаи низоми иқтисоди бозаргонӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳибкорию сармоягузорӣ таъмин намудем. Дар натиҷаи татбиқи стратегияву барномаҳо ва нақшаву чорабиниҳо дар 15 соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,8 % баробар шуда, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардид »,- изҳор намуд Сарвазири Тоҷикистон .

Ин сеюмин форум аст, ки таҳти сарпарастӣ ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад. Дар он зиёда аз 400 нафар аз 30 мамолики олам, аз ҷумла намояндагони воломақоми Ҳукумати Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамшарик, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, соҳибкорони сармоягузорони ватанию хориҷӣ, намояндагони бонкҳо, олимону коршиносони варзидаи бахши иқтисод ширкат доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *