Ширкати наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ўзбекистон
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббии нав Раҳматулло Фузайлов дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ўзбекистон Мираброр Усмонов ширкат дорад.
Дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Усмонов, ки то 27-уми август дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, тимҳои наврасони Тоҷикистон, Ўзбекистон, Эрон ва Ҷопон ширкат мекунанд. Мусобиқа аз рўи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои «Ҷар», «Локомотив» ва «Пахтакор» сурат мегиранд.
Наврасони Тоҷикистон дар бозии аввал аз дастаи Ҷопон бо натиҷаи 0:2 шикаст хўрданд. Дар бозии дигари даври аввали мусобиқаи гиромидошти хотираи Усмонов дастаҳои наврасони Ўзбекистон ва Эрон мусовӣ карданд — 1:1.
Ширкат дар мусобиқаи мазкур барои наврасони мо марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад. Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гуруҳи «Н» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои наврасони Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон хоҳанд буд. Бозиҳои интихобӣ дар гуруҳи «Н» аз 5 то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ