Ширкати низомиёни тоҷик дар мусобиқоти АрМИ-2019 дар Ӯзбекистон
Барои аввалин бор низомиёни Тоҷикистон ба манзури ширкат дар мусобиқоти “Эстафетаи ҳарбию тиббӣ” дар чорчӯби АрМИ-2019 ба майдони ҷангӣ ё полигони “Фориш”-и Ӯзбекистон омаданд.
Мусобиқотро дар маросими тантанавӣ Азизбек Икромов, муовини вазири мудофиаи Ӯзбекистон ифтитоҳ кард.
Дар мусобиқоти феълӣ дар канори Тоҷикистон низомиён аз Арманистон, Ангола, Русия, Зимбабаве, Ветнам, Мянма, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ширкат мекунанд.
Мусобиқоти низомии АрМИ бори нахуст дар соли 2016 бо ширкати дастаҳои Русия, Зимбабве, Қазоқистон ва Чин дар Русия баргузор шуда буд.
Дар ҳамаи мусобиқоти се соли ахир дастаи мунтахаби Неруҳои мусаллаҳи Русия пирӯзиро ба даст овардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ