Ширкати паҳлавонони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё

Аз 25 то 30-юми март дар Аммон (Урдун) Чемпионати куштии Осиё баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони Тоҷикистон низ ширкат мекунанд. Айни замон 20 кишвар дархости ширкатро пешниҳод кардаанд.

Чемпионат, ки дар Қасри варзишии шоҳдухтар Сумая баргузор мешавад, дар сабки юнониву румӣ оғоз шуда, баъдан духтарон дар куштии бонувон рақобат мекунанд.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон легионерҳои ёқутистонӣ Айаал Белолюбский ва Виктор Рассадин низ шомил шудаанд. Соли гузашта дар чемпионати Осиё дар Бишкек Айаал ҷойи 11-умро гирифт ва Виктор медали нуқра ба даст овард.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар куштии озод Айаал Белолюбский (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Мустафо Аҳмадов (65 кг), Виктор Рассадин (70 кг), Магомед Евлоев (79 кг), Салимҷони Ҳалимзода (86 кг), дар куштии юнониву румӣ Аслам Азизов (60 кг), Суннат Абдуллоев (67 кг), Лоиқ Амирхонзода (72 кг), Муслиҳиддин Уроқов (77 кг), Ҳабиб Зуҳуров (82 кг), Суҳроб Абдулҳаев (87 кг) ва Эдуард Бабеношев (97 кг) намояндагӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image