Ширкати паҳлавонони Тоҷикистон дар Grand Slam Hungary 2022
Аз 8 то 10-уми июл дар доираи сайри ҷаҳонии ҷудо мусобиқаи байналмилалии Grand Slam Hungary 2022 баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони тоҷик низ ширкат мекунанд.
Мусобиқа 8-10-уми июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон бо иштироки 463 варзишгар (265 мард, 198 зан) аз 66 кишвар баргузор мешавад. Тоҷикистонро лар ин мусобиқа 5 варзишгар — Муҳаммад Маҳмадизода (-60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Беҳрўз Хоҷазода (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) намояндагӣ мекунанд.
Ин дуюм мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб меёбад. Радабандии олимпии ҷудо дарҳол пас аз натиҷагирии Гранд Слами Улан Батор шакл гирифт, ки се варзишгари мо — Беҳрўз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (-73 кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90 кг) ба он ворид шуданд.
Тибқи низомномаи мусобиқа дар рўзи аввал, 8-уми июл мо шоҳиди ҳунари Муҳаммад ва Шаҳбоз мегардем. Дар рўзи дуюм, 9-уми июл Беҳрўз ва дар рўзи сеюм, 10-уми июл Ҷаҳонгир ва Комроншоҳ майдондорӣ мекунанд.
Чун анъана ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ дода мешавад. Ба ғолиби ҳар вазн 5000 евро, ба барандаи медали нуқра 3000 ва ба барандагони ду медали биринҷӣ 1500-евроӣ пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ