Ширкати се паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи Улан-Батор

19-уми апрел дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Чемпионати куштии Осиё оғоз шуд, ки то 24-уми ҳамин моҳ идома мекунад. Дар он намояндаҳои Тоҷикистон низ ширкат мекунанд.

Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ (UWW) хабар медиҳад, ки барои ширкат дар ин мусобиқа 270 варзишгар аз 18 кишвари қора дархост пешниҳод кардаанд.

Аъзои дастаи мунтахаби куштии тарзи озоди Тоҷикистон Муҳаммад Икромов (-61 кг), Шуҳрат Бозоров (-79 кг) ва Искандари Рустам (-125 кг) дар ин мусобиқа кишвари моро намояндагӣ хоҳанд кард.

Чемпионати Осиё 19-уми апрел бо қувваозмоиҳои куштии юнонӣ-римӣ оғоз шуд, 21-22-юми апрел бонувон, сипас 23-24-уми апрел паҳлавонон дар намуди тарзи озод майдондорӣ мекунанд.

Искандари Рустам барандаи 2 медали нуқра (2012, 2013) ва 2 медали биринҷии (2014, 2020) Чемпионати Осиё дар вазни 97 кг ва Муҳаммад Икромов барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё дар вазни 61 кг (2020-Деҳлӣ) мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *