Ширкати се паҳлавони тоҷик дар Ulaanbaatar Grand Slam-2022
Аз 24 то 26-уми июн мусобиқаи байналмиалии Ulaanbaatar Grand Slam-2022 сайри ҷаҳонии ҷудо роидома медиҳад. Ин мусобиқа аввалин мусобиқаи системаи интихобии Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба ҳисоб меравад.
Дар Ulaanbaatar Grand Slam-2022 иштироки 270 варзишгар (161 мард, 109 зан) аз 30 кишвар дар назар аст. Ҷумҳурии моро се нафар Сомон Маҳмадбеков, Беҳрўз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90кг) намояндагӣ мекунанд.
Варзишгарони мо Сомон ва Беҳрўз рўзи дуюми мусобиқа (25-уми июн), Амирҷони Насимҷон рўзи сеюм (26-уми июн) гуштин мегиранд.
Ба ғолибон дар баробари медал ҷоизапулӣ дар назар гирифта шудааст. Ғолиби ҳар вазн соҳиби 5000 евро, барандаи медали нуқра соҳиби 3000 евро ва барандаи медали биринҷӣ соҳиби 1500 евро мегардад.
Гранд Слами Уланбатор аз силсилаи мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо шашумин мусобиқа мебошад. Варзишгарони тоҷик дар панҷ мусобиқаи гузаштаи соли 2022 се медал ба даст овардаанд. Комроншоҳ Устопириён (-90кг) моҳи январ дар Гран Прии Португалия, Темур Раҳимов моҳи феврал дар Гранд Слами Тел Авив ва моҳи апрел дар Гранд Слами Анталия медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ