Ширкати Сироҷиддин Аслов дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ
18 январи соли 2018 дар қароргоҳи СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар брифинги Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони “Манъи паҳншавии аслиҳаи қатли ом: Чораҳои таҳкими эътимод”, ки таҳти раёсати Қазоқистон доир шуд, ширкат намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 18 январи соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин ҳамкории бисёрҷонибаи ду давлатро дар чаҳорчӯбаи СММ мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин 18 январи 2018 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Сироҷидин Аслов бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лиу Женмин мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, алалхусус Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба масъалаҳои ҷаҳонии об ва татбиқи саривақтии ҳадафҳои рушди устувор табодули назар намуданд.
Зимни суҳбат ҳамчунин Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 18 январи соли 2018 дар Қароргоҳи СММ бо Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БР СММ) Аҳим Штейнер мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ, аз ҷумла, раванди татбиқи лоиҳаҳои БР СММ дар робита ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, инчунин мусоидати БР СММ дар татбиқи барномаҳои марбут ба рушди устувори мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ