Шоҳҷоиза ва медали тилои бонуҳои ихтироъкори тоҷик
Ду омӯзгори Донишгоҳи милли Тоҷикистон дар Форуми 15-уми байналмилалии занони ихтироъкор, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, иштирок карда, бо Шоҳҷоиза ва медали тило ба Ватан баргаштанд. Ин бонуҳои ихтироъкор устодони факултети химияи донишгоҳ Саврибегим Ёрмамадова ва Муқаддас Қурбонова буда, ҳар ду номзади илмҳои химия, дотсент мебошанд.
Саврибегим Ёрмамадова
Соҳиби Шоҳҷоиза
Форуми 15-уми байналмилалии занони ихтироъкор аз 24 то 27-уми август дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид. Саврибегим Ёрмамадова мегӯяд, ки ширкат дар ин форум барои ӯ масъулият буд.
“Вақте маро аз садорати факултет ва раёсати донишгоҳ барои иштирок дар ин Форуми байналмилалӣ пешниҳод намуданд, дарк кардам, ки на танҳо маҳсули кори худ, балки Тоҷикистонро муаррифӣ бояд кунам. Бинобар ин, масъулиятам дучанд буд. Ҳамин аст, ки тӯли ду моҳ ҷиддӣ болои лоиҳа кор кардам. Лоиҳаи ман “Истифодаи пайвастҳои комплекси руҳ ҳамчун маводи доруворӣ зидди бемории ғадуди сипаршакл” ном дошт ва диққати аъзои ҳакамони Форумро ҷалб кард,зеро ин мавзуъ нав ва актуалӣ аст”,- мегӯяд ӯ.
Саврибегим Ёрмамадова дар байни 500 иштирокчӣ аз 30 давлати аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ лоиҳаи худро бо забони англисӣ муаррифӣ намуд.
“Дар рӯзи ҷамъбасти Форум вақте номи Тоҷикистон ва бандаро ҳамчун барандаи Шоҳҷоизаи форум эълон карданд, маро ҳаяҷон пахш кард. Бо куртаи атласи тоҷикӣ ва ҳисси ифтихор ба минбар баромада, мукофотро гирифтам. Албатта, ин барои банда ифтихори бузург аст”,- мегӯяд ин бонуи кимиёдони тоҷик.
Шоҳҷоизаи ин Форум ягона дастовардаи Саврибегим Ёрмамадова нест. Ӯ соли 2017 низ дар ин форум ширкат карда ва ихтирооташ соҳиби медали тило гашта буд. Ӯ имрӯзҳо ба тарбияи шогирдон машғул аст ва онҳоро барои ширкат дар озмунҳои байналмилалӣ омода мекунад. Соли 2019 шогирдонаш дар озмуни “Мо наврасони Менделеев” дар шаҳри Москва иштирок намуда, бо ҷойҳои ифтихорӣ ба Ватан баргаштанд.
Муқаддас Қурбонова
Як орзуи кимиёдони тоҷик
Номзади илмҳои химия Муқаддас Қурбонова аз иштирокчиёни дигари Форуми байналмилалии бонувони ихтироъкор дар Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Ӯ бо лоиҳаи худ — “Истифодаи хуллаҳои алюминий бо бериллий дар саноати мошинсозӣ” иштирок намуд.
“Наздики 5 сол мешавад, ки рӯйи ин лоиҳа кор карда истодаам. Вақте пешниҳод шуд, ки дар Форум ширкат кунем, натиҷаи тадқиқоти худро ба кумитаи тадорукоти форум фиристода, барои ширкат даъватнома гирифтам. Шукр, ки заҳмати чандинсолаи банда самар овард ва дар ин чорабинии бонуфузи байналамилалӣ бо медали тило қадрдонӣ шуд”,- гуфт Муқаддас Қурбонова.
Муқаддас Қурбонова соли гузашта иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат“ буд. Соли 2007 ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавонро дар соҳаи илмҳои дақиқ дарёфт кард. Соли 2000 бошад, Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи илму техника сазовор шуд.
Муқаддас Қурбонова айни замон ба тарбияи шогирдон машғул аст ва ният дорад, ки таҳқиқоташро идома диҳад. Орзуи ягонаи ӯ ин аст, ки ихтирооташ дар саноати Тоҷикистон татбиқ карда шаванд.
Аз илм ба амал
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо сафи бонувони ихтироъкор дар кишвари мо зиёд мешавад ва бонувон дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Дар Форуми ҷаҳонии бонувони ихтироъкор, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) баргузор мешавад, соли сеюм аст, ки бонувони тоҷик соҳиби мукофоти олӣ мешаванд. Соли 2021 ихтирооти Зоидова Муътабар, Мухтарова Парвина ва Маҳмудова Таҳмина ва соли 2022 лоиҳаи Зумрад Ғайбуллоева дар ин Форум соҳиби медали тило шуда буд. Имсол бошад, Шоҳҷоизаи Форум насиби Тоҷикистон шуд. Ин бонувони ихтироъкор як орзу доранд, ки маҳсули заҳматашон дар истеҳсолот татбиқ шавад…
Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ