“Шоҳ Абдулло” сокинони Панҷакентро ба ташхису табобати ройгон фаро гирифт
Давоми як моҳ мешавад, ки “Корвони саломатӣ” дар шаҳри Панҷакент ба қабул ва табобати маризон машғул мебошад.
Бояд гуфт, ки “Корвони саломатӣ”-и мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати норвегиягӣ ва фонди хайриявии “Шоҳ Абдулло” ташкил шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо шароити “Корвони саломатӣ” шинос шуда, иброз доштааст, ки Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент омода аст ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маъракаи саломатии мазкур кумаки хешро расонад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар инҷо 6 духтури ботаҷриба ба маризон бо истифода аз техникаву технологияи замонавии тиббӣ хизмат мерасонанд. Ҳамчунин, дар “Корвони саломатӣ” имкони анҷоми ҷарроҳии хурд низ вуҷуд дошта, ба касоне, ки ниёз доранд, пешниҳод мегардад.
— То кунун дар ҷараёни ин маъракаи саломатӣ аз ҷониби табибон зиёда аз 2000 бемор қабул гардида, ба беш аз 4000 муроҷиаткунанда машваратҳои тиббӣ дода шудааст. Дар “Корвони тиббӣ” тамоми намуди хизматрасонӣ ройгон буда, он то охири тобистони соли ҷорӣ фаъолият хоҳад кард,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ