Шоҳи дубляж бе унвон ва дар ғурбат ҷон дод

Ҳунарманди маъруфи театру синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Ҳусейнов рӯзи 26-уми март дар синни 81-солагӣ дар ғурбат, дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дунёи фониро падруд гуфт.

Раҷаб Ҳусейнов хатмкардаи Донишкадаи санъати театрӣ ва рассомии шаҳри Тошканд ба номи Н. Островский буд ва фаъолияти ҳунарии ӯ асосан дар Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (аз соли 1964) ҷараён гирифтааст. Солҳои охир ҳунарпешаи Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский буд.

Тайи 20 соли охир режиссёрҳои хориҷӣ Раҷаб Ҳусейновро зиёд ба филмҳояшон даъват мекарданд, бинобар ин, солҳои охир бештари умри ин ҳунарманд дар хориҷи кишвар, дар майдонҳои сабт мегузашт.

Нақшҳои офаридаи ӯ дар саҳнаи театр ва синамо басо ҷолибу равшан ва дар сатҳи образҳои барҷаста иҷро шудаанд. Раҷаб Ҳусейнов ҳунарманди навҷӯву навовар ва заҳматкашу фидоии касби худ буд. Ӯ дар иҷрои ҳар нақш бо истеъдоду маҳорати баланд бо хислату рафтор ва ҷаҳони ботини қаҳрамони худ дар саҳна зиндагӣ мекард.

Ҳар як образи офаридааш ба мисли Оқйигит аз намоиши «Шаби гирифтани моҳ», Абдусалом аз намоиши «Алломаи Адҳам ва дигарон», Загаретский аз намоиши «Дод аз дасти ақл», Федя аз намоиши «Авлиё ва осӣ», Лаэрт аз намоиши «Ҳамлет», Бародар аз намоиши «Антигона», Мирзо аз намоиши «Ибтидо»,Сангалӣ аз намоиши «Ҳақиқати талх», Лагранҷ аз намоиши «Тӯдаи риёкорон», Вазир аз намоиши «Синдбоди дарёгард», Бормон аз намоиши «Зуҳури навини Суҳроб» ва ғайра бо обуранги хосаи хислату рафтор ва андешаву афкор аз ҳамдигар фарқ мекарданд.

Қаҳрамонони синамоии Ҳусейн Раҷабов дар филмҳои «Қиссаи зиндони Павиак», «Субҳи Ганг», «Асрори дараи гумном», «Ҳафт домоди рабудашуда», «Муҳосира», «Шикорчӣ аз Мин-Архар», «Шод бингар» ва даҳҳо филмҳои дигари ватаниву хориҷӣ бо рангу ҷилои равшани ҳунар ва истеъдоди табииву худододи ҳунарпеша мероси мондагору ҷовидонагии номи ӯ мебошанд.

Раҷаб Ҳусейнов дар санъати тарҷума (дубляж)-и филмҳои хориҷӣ истеъдоди беҳамто дошт. Ӯро ҳампешагон «Шоҳи дубляж» меномиданд, зеро аксар нақшҳои овоздодаи Раҷаб Ҳусейнов ҳатто аз асли худ қавитару ҷолибтар садо додаанд. Теъдоди филмҳои дубляжкардаи Раҷаб Ҳусейнов шояд аз 1500 адад бештар бошанд, ки он ҳам беҳтарин мероси ҳунарии ӯст.

Дар радифи ҳунарпешаи асилу тавоно будан, Раҷаб Ҳусейнов ҳамчунин инсони комил, марди хайрхоҳу некзамир, ҳақҷӯву ҳақталош буд. Аз беадолативу номардиҳои рӯзгор ба шӯр меомад, бо чоплусону дурӯягон, хушомадгӯёну тамаллуқкорон муросо карда наметавонист.

Раҷабака ба мо ҷавонони театр (манзурам ҷавонони солҳои 70-80-уми қарни гузашта) таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд ва дар ҳолатҳои зарурӣ кумаку дастгирии худро ҳам дар зиндагӣ, ҳам дар кори эҷодӣ дареғ намедошт. Ман аз зумраи хушбахтоне мебошам, ки бо Раҷабака дар театри Лоҳутӣ дар як пардозхона (гримхона) ҳамкору ҳамнишин будам ва борҳо аз меҳру ихлос ва одамияти ӯ бархӯрдор гаштаам.

Раҷабака дар баробари ҳунарманди муваффақу инсони наҷиб буданаш, ҳамчунин деҳқон ва боғпарвари асил ҳам буд. Дар қисмати шимолу ғарби пойтахт, дар домани теппаҳои маҳаллаи Испечак бо заҳмати ҳалол боғоти меваю сабзавот бунёд карда буд, ки борҳо ёру дӯстон, ҳамкорону ҳамсоягон ва ниёзмандони зиёдеро аз ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидааш шодкому баҳравар гардонида буд…

Сад афсӯс, ки Раҷаб Ҳусейнов бо вуҷуди ҳунарманди баландпояву пурмаҳсул буданаш бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ карда нашуд…

Руҳаш шоду хотираи некаш гиромӣ бод!

Ортиқ ҚОДИР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *