Шоҳии моро аз Саразм ёбед! Суҳбати солинавӣ бо Роҳбари Чин Си Ҷинпин

…Тайёра аз Душанбе ба Урумчи, маркази Вилояти Автономии Синсзяну Уйғури Чин  тақрибан ду соат парвоз кард. Ман- манӣ шавад ҳам, бояд  гӯям, ки дар он ҷо тайёраеро, ки бояд аз Урумчи ба самти  Пекин парвоз кунад, ба хотири банда се соат боз нигоҳ доштанд ва ман бояд ба он нишаста, ба мулоқоти рафиқ Си ё тавре хонандагони оқили мо пай бурданд, Раиси сернуфузтарин кишвари дунё Си Ҷинпин мерафтам.

Чаро боз маро сармуҳаррир ба ин сафар фиристод? Наход ман доим арафаи Соли навро дар сафару вохӯриҳо бо ҷанобони соҳибқудрати дунё гузаронам? Чаро бо рейси дигар не, дар ҳоле, ки дар як  шабонарӯз аз Урумчи ба Пекин боз шаш рейси дигар мепарад? Сабаби ҳамаи инро шумо аз идомаи ин навиштаҳо пай хоҳед бурд…

…Ниҳоят ман дар тайёраи хатти парвози Урумчи-Пекин нишастам ва стюардессаи чинӣ, ки чашмони бодомиаш касро бо як дидан мафтун мекард, хӯрок пешниҳод кард. Чун гурусна будам, хостам зуд қошуқу шохаи пластикиро гирифта, аз паи таъмири шикам шавам. Аммо “Стоп!” … Ин ҷо Хитой аст ва бояд аввал ба табақи худ нигоҳ кард, ки дар он чӣ ҳаст. Бо нӯги шоха як пора гӯштро рӯгардон кардам. Не, ба фикрам мурғ барин… Аммо дар паҳлуяш боз ким — чӣ хел ба скелети қурбоққа монанд  чизеро дидаму дудила шудам.

-Баҳузур хӯред, ин парандаро дар мо чичияк мегӯянд, шумо онро бедона мегӯед… Пас аз ин суханони духтараки бодомқавоқ,  ҳар чӣ бодо бодгӯён ба хӯрдан сар кардам, аммо бо ин саргузаштҳои шикамчаллонии ман хотима наёфт…

Хулоса, аз Пекин  то Бедайхэ, макони истироҳати роҳбарони Чин бо чархболи ҳукуматӣ бурданд… Бандаро  аз Пекин ду намояндаи ҳукумат, ки аз афташон ҷавонони хеле машқдида буданд,  роҳбаладӣ мекарданд. Вақте ки чархбол ба замин фаромаду чархҳояш аз гардиш монд, бо пайраҳае ба тарафи резидентсияи Раис равон шудем ва ҳанӯз ба даромадгоҳ нарасида, аз рӯ ба рӯямон ҷавонмарде, ки дар тан ҷомаи зарбофти тоҷикӣ ва дар сар тоқӣ дошту аз пасаш як духтари бодомчашм бо куртаи чакан ба пешвозамон баромаданд.

Воҳ! Ин худи Раис — ку…! Чаканпӯшаш завҷаи ӯ Пэн Лиюань, буд, ки унвони генерал — майорро дошт. Дар тани Си Ҷинпин ҷомаеро, ки онро вақти сафар ба Тоҷикистон ба ӯ роҳбари мо пӯшида буданд, шинохтам. Ҳайрати маро дида, Раис ба тарафи Баҳри Зард бо даст ишора намуда, (ба воситаи тарҷимон) гуфт:

-Ҳавои баҳр намнок аст ва ман ҳар вақте ба ин ҷо оям, ҳатман ҳамин ҷомаро мепӯшам, ки хеле бароҳат аст… Канӣ, биё…

Моро дар наздики соҳили баҳр, дар пешайвоне, ки барои суҳбат пешбинӣ шуда буд, ҷой доданд ва  Раис Си аз байни пилкҳои чашмони хитоияш бодиққат ба ман нигоҳ карда пурсид:

-Сафарат чӣ хел гузашт? Ҳайронӣ, ки чаро туро ин ҷо даъват кардем?

Ростӣ, чун бояд саволи аввалро ман медодам, аз ин пешдастии ӯ ҳайрон шудам.

-Ҷӯра, биё рӯирост гап занем. Ман вақте ки ошпазии туро бо Президенти Ӯзбекистон дидам, хостам бори дигар таърифҳоятро пеш аз Соли нав санҷам. Зеро пас аз он суҳбати ту бо Мирзиёев муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мисли ду бародари ҷангии аз нав оштишуда ба авҷи аъло расид. Гузашта аз ин, баъд аз ин ошпазӣ ҳар боре, ки дар маҳфили кишварҳои узви ШОС ҷамъ мешавем, маҳз аз Мирзиёев хоҳиш мекунем, ки оши палов пазад. Ба ман бисёр маъқул…

-Мирзиёевро ёдовар шудед, Шумо бо ӯ…

Фаҳмидам, ту шабоҳати  симои ҳардуи моро дар назар дорӣ. Не, ӯ дар Зомини Ҷиззаху ман дар худи Пекин таваллуд шудаам. Аммо аҳди бародарӣ дорем…

-Ҷаноби Си…

-Ҷаноб нагӯй, рафиқ гӯй, ту ҳам як вақтҳо коммунист будӣ — ку… Ҷанобро бигзор ҳамон Трампу Шрамп гуфтан гиранд. Мардуми одӣ ҳама бо ҳам рафиқанд…

Магар шумо одӣ ҳастед? Роҳбаре, ки ба якуним миллиард одам роҳбарӣ мекунад, одӣ буда метавонад?

-Ман ҳам аз ҷумлаи ҳамон якуним миллиард. Ту сиёсати коммунистиро медонӣ — ку, хонаам ҳукуматӣ, дачаи дидаистодаат ҳукуматӣ, мошин ҳукуматӣ ва ҳато хурду хӯрокам  ҳам ҳукуматӣ… Ҳукумат додааст ва агар хоҳад, боз мегирад… Инҳо аз ман не, аз Раиси Хитоянд ва касе дар ин вазифа бошад, соҳиби муваққатиаш ҳамон аст…

-Хонум Пен чӣ? – худро нотарс гирифта, шӯхӣ карданӣ шудам?

-Пен  аз худам аст ва боз… духтарам Ментзе, ки…

-…дар Донишгоҳи Гарвард бо фамилияи дигар таҳсил дорад.

-Ӯҳ балоҳое, разведкаи шумо ҳам кор мекунад…

-Мо ҳатто медонем, ки чаро як қисми заминҳои аз Хатлон иҷора гирифтаатонро ба соҳибонаш баргардонидед.

-Чаро?

-Барои он, ки дар замини тоҷикӣ  тухми  хитоӣ насабзид… ва ширкати онро иҷора гирифта, зарар дид. Аммо  мо аз шумо андаке хафа, зеро вақте ки кормандони баландпояи  мо ба нафақа мебароянд, онҳо дар Русия барои худ нафақа талаб мекунанд ва Путин инро рад намекунад. Чаро ба ветерани ҳизби коммунист…

Шодӣ Давлатовичро дар назар дорӣ? Вай худаш не гуфт, гуфт, ки юан намехоҳад, ба вай доллар диҳем. Доллар бошад, рамзи имперализми ҷаҳонист…

Суҳбати мо дар атрофи  иқтисодиёту сиёсат не, балки дар бораи чизҳои аз он муҳимтар, ба мисли ҷашни Соли наву Аждаҳои хитоӣ  бояд сурат мегирифт. Аз ин рӯ, худро ба даст гирифта пурсидам:

-Рафиқ Си, дар кишвари шумо Соли навро чӣ гуна  ҷашн мегиранд?

-Ҳмм, медонию боз мепурсӣ. Албатта, бо ҳазорон фонуси коғазӣ дар ҳаво ва боз садҳо Аждаҳои зарде, ки аз даҳонаш оташ мепарад. Аммо на дар рӯзи 1 январ, балки имсол 25 январ. Зеро мо  ҳар сол навшавии солро аз моҳи дуюми баъди саршавии чиллаи калони шумо оғоз мекунем ва ин ду ҳафта давом мекунад…

-Пас, мо аз шумо калонсолтарем?

-Инашро таърих медонад. Шунидам, ки шумо имсол 5500 — солагии Саразматонро ҷашн мегирифтаед. Ҳамон ҷо бинед, дар кофтуковҳоятон ягон порча шоҳии хитоиро ҳам меёбед ё не. Ҳатман бояд бошад, зеро мо, албатта, қадимтарем…

-Баҳс намекунам, аммо чаро имрӯз ҳамаи чизҳои пастсифатро “хитоӣ” мегӯянд?

-Ин як туҳмати навбати Трамп аст. Мо мошинҳо Крейслеру Форди онҳоро аз худашон беҳтару босифаттар месозем. Дар бораи Айфон ҳоҷати гап ҳам нест… Аз ҳамин сабаб, ӯ тарсида, таҳрим ҷорӣ кард,ки молҳои хушсифати мо ҷои моли бесифаташонро мегирад… Э мо боз ба сиёсат гузаштем ку?

-Узр мехоҳам, бигӯед, ки аз падари сиёсатмадору  пурқудрататон ба шумо чӣ мерос монд?

Машғул шудан ба сиёсат ва натарсидан аз ҳамаи мушкилот, ҳатто дар вақте ки нисбати ту ҳақро намегӯянд… (падари рафиқ Си, ки вазифаи баланди ҳизбӣ дошт, як муддат бо гуноҳи содиқ набудан ба ҳизб аз вазифа барканор шуда, дар ҳабс ҳам нишаста буд)

-Зиндагӣ кардан бо генералзан бароятон мушкил нест?

Не, зеро унвони ман аз зани генералам баландтар аст ва ҳар фармоне медиҳам, иҷро мекунад. Барои он ки зан ба ту итоат кунад, бояд   унвонат аз ӯ баландтар бошад. Аммо медонам, ки аксари мардҳои тоҷик ба сари зани худ маршаланд ва барои ҳамин ин чиз ба ту таҳдид намекунад. Биё, акнун  ин гапҳоро монему ба ошхонаи мо равем, ки генерали ман ва қурутоби ӯ моро  интизор шуданд…

Дар даромадгоҳи ошхона генерал Пен бо куртаи чакану  пешгир интизор буд. Вақте ки ба сари миз расидем, бо дидани дастурхон чашмонам давида баромаданд. Он ҷо… беҳтараш сари ин мавзӯъ пас аз Соли нави хитоӣ, яъне 25 январ бармегардем…

А.АҲМАДЗОДА,

Душанбе -Пекин- Бедайхэ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *