Шоҳин дар Панҷакент “Рекорди Гиннес”-ро ба қайд гирифт

Шоҳин Облоқулзода, журналисти тоҷик дар як матлаб бо номи “ПАНҶАКЕНТ:РЕКОРДИ ГИНЕСРО БА ЯК НӮЛ ЗАДАНД!” дар гуруҳи фейсбукии “Панҷакентро дӯст медорам! ” хабар дод, ки рӯзи 18 июн дар бозори марказии Панҷакент нархи як кило сабзиро то ба 12 сомонӣ боло баровардаанд ва дар пайи ин нархи як кило сабзӣ дар мағозаҳо ба 13 сомонӣ расидааст. “Ёбеду гиред!” – навиштааст ӯ.
Шоҳин Облоқулзода роҳбарони бозорро айбдор кардааст, ки бо ҳаннотон, ё ба қавли журналист, “деҳқонони асили Панҷакент”, ки дар бозор 366 рӯз маводи тамомнашавандаашонро як ҷо бо кормандони бозор забон як карда ба савдо мезананд”, забон як кардаанд.

Сабзӣ дар баробари биринҷ, гӯшт ва равған яке аз масолеҳи асосӣ барои пухтани ош, як таоми аз ҳама дӯстдоштаи мардум дар Тоҷикистон мебошад. Пештар дар Тоҷикистон нархи гӯшту равған башиддат боло рафт ва ахиран, дар поёни моҳи май нархи сабзӣ каму ғам не, якбора то 5-6 маротиба ба осмон хеста, аз 2 сомонӣ то ба 10 ва инак ба 12 сомонӣ расид.
Ин дасти бисёриҳоро аз пухтани оши дӯстдоштаашон кӯтоҳ кардааст. Бархе бо киноя менависанд, ки бояд ба “оши парҳезӣ” гузашт: оше, ки бидуни гӯшту равғану сабзӣ пухта шавад…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *