Шоҳиён ба омӯзгорон планшет туҳфа мекунад
Соли равон раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ба устодону кормандон миқдори зиёди планшет туҳфа менамояд. Ин иқдоми ректори донишгоҳ Нуралӣ Шоҳиён дар ҳошияи тадбиқи ҳукумати электронӣ ва беҳтар намудани сифати таълим сурат мегирад.
Дар ин бора Муҳаммад Шораҳимзода, ёвари ректор, мудири бахши робита бо фазои иттилоотии донишгоҳи мазкур ба Pressa.tj хабар дод. Зимнан, ӯ гуфт, ки 4-уми январи соли равон вакили парлумони Тоқикистон Лутфия Абдухолиқзода дар доираи нақшаи корӣ ба назди интихобкунандагони худ ба Донишгоҳи давлатии Данғара омад. Ӯ бо сокинони ноҳияи Данғара доир ба масъалаҳои рӯзмарра суҳбат анҷом дод.
Нахуст ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот меҳмонон ва иштирокчиёни вохӯриро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки ҳамагон бояд дарк намоем, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои мардуми мо, махсусан сокинони деҳот имкониятҳои хуби беҳбудии сатҳи зиндагиро ба бор овард. “Имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии Данғара татбиқи як қатор технологияҳои навини зеҳнию инноватсионнӣ ва ҳунармандӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара тасмим гирифтааст, ки дар соли ҷорӣ татбиқи пурраи ҳукумати электронӣ ва робита бо фазои иттилоотиро ба роҳ монда, ба ҳайати омӯзгорону кормандон миқдори зиёди планшет туҳфа намояд. Мо ҳама бояд баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат мунтазам ҷидду ҷаҳд намоем ва ба пайравӣ аз Пешвои миллат ҷавононро дар руҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва меҳнатдӯстию худшиносии миллӣ тарбия намоем”,- иброз дошт профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот.
Дар доираи вохӯрӣ Лутфия Абдухолиқзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон оид ба дастовардҳои корӣ, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул гардидааст, чораҳои беҳдошти вазъияти баамаломада оид ба пешгири намудани мушкилоти барқ ва сарфаи сариштакорона истифода бурдани неруи барқ, пардохти саривақтии маблағҳои истифодаи барқ, истифоди лампаҳои каммасраф барои захираи неруи барқ, истифодаи қитъаи замини назди ҳавлигӣ бо гирифтани 2-3 ҳосил барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди неруи зеҳнию ақлронии наврасону ҷавонон суҳбат намуда, оид ба вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат маълумот пешниҳоди иштирокчиён гардонд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ