Шоҳмансур Саидов: Азоби виҷдонро таҳаммул карда наметавонам
Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ барои муаррифии ҳунар майдони хубу беминнат ҳастанд. Ҳар касе истеъдод дорад, ба осонӣ метавонад худро дар дилхоҳ шабака муаррифӣ кунад ва садҳо ҳазору миллионҳо нафар аз малакаву маҳораташ бохабар шаванд. Яке аз ҷавонони ҳунарманд, ҳунардӯст ва оне, ки худро ба ҳунар бахшидааст, Шоҳмансур Саидов мебошад.
Мавсуф аз хурдсолӣ ба дунёи ҳунар пайваста, роҳи ноҳамвор ва тӯлонии начандон содаро тай кардааст. Ҳоло бошад, ҳамчун блогере, ки наворҳои ҳаҷвӣ омода мекунад, миёни корбарони фазои маҷозӣ хеле маъруф аст. Ӯ дар наворҳояш нақши чанд нафарро иҷро мекунад ва аз ҳама зиёд нақши занро мебозад, ки дар сар ба ҷойи рӯймол сачоқ дорад. Мавзӯи марказии матлабҳояш муносибати хонаводагӣ буда, мекӯшад, ки лаҳзаҳои хандаовари оилавиро, аз ҷулма муносибати зану шавҳар, модару духтар, писару падар ва ғайраҳоро инъиқос кунад.
— Намехоҳам суҳбатамон оҳанги ғам дошта бошад, аммо ба ҳар ҳол аз шумо мепурсам, зеро медонам, ки барои хонандагони газетаи мо ва мухлисони шумо шавқовар аст. Шумо бо аҳли оилаатон як муддат дар боғча зиндагӣ кардаед. Он замон чандсола будед?
— Тахминан 6-сола будам, ки аз деҳа ба шаҳр омадем ва дар боғча зиндагӣ мекардем. Он вақт имкони хонаи иҷора гирифтан надоштем, ҳатто барои хӯрокворӣ харидан ҳам танқисӣ мекашидем.
— Чаро аз деҳа ба шаҳр омадед?
— Бо мақсади иваз кардани шароити зиндагӣ ва беҳтар зистан. Мехостем ҳаётамонро беҳтар созем.
— Шумо аз хурдӣ ҳам меомӯзеду ҳам кор мекунед. Аз замоне, ки дар театр-студияи “Рангинкамон” ҳам ҳунар меомӯхтеду ҳам кор мекардед, ба мо қисса карда метавонед?
— Дар студияи мазкур ҳамроҳи устод Бердӣ Минбоев тӯли 8 сол фаъолият кардам. Кор дар он ҷо бисёр хуб ва омӯзанда буд. Қадамҳои нахустини худро дар ҷодаи санъату ҳунар маҳз он ҷо мондаам ва то нафас мекашам, аз устод миннатдорам.
— Чаро дар он вақт тасмим гирифтед, ки бояд ба дунёи ҳунар ворид шавед ва ба театр-студия пайвастед?
— Каму беш ҳис карда будам, ки ба ҳунар шавқ дорам. Хушбахтона, дар он ҷо бисёр муҳити хубро дарёфтам. Омӯхтам, дӯстони нав пайдо кардам, то қадри имкон худамро шинохтам.
— Дар “Рангинкамон” ба шумо маош медоданд?
— Ба ман расман маош намедоданд, аммо вақте ки дар мактабу боғчаҳо намоишҳоямонро таҳия мекардем, албатта сари ҳар намоиш маблағи муайян медоданд, ки ҳамон вақт пули хеле хуб буд.
— Пас аз кор дар “Рангинкамон” ба Ансамбли рақсии бачагонаи “Лола” рафтед. Чӣ сабаб шуд, ки шумо ба рақс майл кардед?
— Аввалан, синну соли ман барои театр-студияи “Рангинкамон” аллакай калон маҳсуб меёфт, зеро дар он ҷо аслан бояд хурдсолон бошанд. Сипас, устод Бердӣ Минбоев доимо мегуфтанд, ки ҳунарманд бояд ҳама навъҳои ҳунарро дар худ сайқал бидиҳад. Баъдан, ман пеши худ мақсад гузоштам, ки бояд рақсро омӯзам ва ҳамин тавр, ба Ансамбли рақсии бачагонаи “Лола” шомил гардидам. Дар аввал омӯзиш ва кор дар “Лола” осон набуд, аммо чун шавқам зиёд буд, сабр кардам ва ҳамонҷо мондам.
— Аҳли оилаатон дар мавриди кор дар “Лола” ва умуман ба рақс пайвастанатон чӣ фикр доштанд?
— Аҳли оила зид буданд, махсусан модарам намехостанд, ки ман рақсро омӯзаму дар ин соҳа кор кунам. Аммо вақте ки ба Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова дохил шудам, онҳо дарк карданд, ки ман дар ҳақиқат ин соҳаро дӯст медораму омӯхтан мехоҳам.
— Шумо феълан дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ фаъолият доред. Ҳоло коратон чӣ хел аст?
— Сабаби асосии ба Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ омаданам ин пеш аз ҳама мавҷуд будани имконот аст. Дар ин ҷо ман ҳам ҳунари раққосиамро нишон дода метавонаму ҳам актёриямро. Кор дар театр хеле хуб аст. Худамро бисёр хуб ҳис мекунам ва барои кор кардан фазои орому мусоид фароҳам шудааст.
— Рақс, театр ва умуман дар дунёи ҳунар будани як ҷавон осон аст?
— Нозукиҳои санъату ҳунарро ҳар кас бардошт карда наметавонад, аммо агар сабр карда, кор кунӣ, ба ҳама хостаҳо мерасӣ. Барои ман душвор нест, зеро аз вақте ки худамро мешиносам, дар саҳна ҳастам.
— Шумо дар як дастатон “тату” доред. Он чӣ маъно дорад?
— Ин “тату”-ро ман пас аз хатми коллеҷ кардам. Ин як ёдоварӣ ба худам аст, ки ҳеҷ вақт кӣ буданамонро, ба кадом пайроҳа қадам заданамро, чӣ гуна буданамро фаромӯш накунам.
— Дар ҷомеаи мо “тату”-дорон зиёд нестанд ва аксар хуб қабул надоранд, бигӯед, ки атрофиён ба “тату”-и шумо чӣ назар доранд?
— Дар аввал атрофиёнам хуб қабул накарданд, аммо бо мурури замон одат карданд ва ҳоло чизе намегӯянд.
— Метавон гуфт, ки шумо дар зиндагӣ азоб кашидаед. Азоб чист ва онро чӣ гуна таҳаммул кардан мумкин аст?
— Дар зиндагӣ бисёр азоб кашидаам ва ин гуна азобро намехоҳам ҳатто душманам бинад. Ман ба фикре ҳастем, ки дар зиндагӣ азобу ноҷуриҳову ноҳамвориҳо набошад, пас он ширинӣ ва ҷолибият надорад. Бояд умедро аз даст надиҳӣ, ба фардои нек бовар дошта бошӣ. Иродаро мустаҳкам кунӣ ва новобаста ба ҳама мушкилиҳову азобҳо табассумро аз чеҳра гум накунӣ. Дар ин ҳол метавон ҳама озобҳоро таҳаммул кард.
— Кадом азобҳоро наметавонед таҳаммул кунед?
— Азоби дурӣ аз санъат ва азоби виҷдонро ҳеҷ вақт таҳаммул карда наметавонам.
— Зиндагӣ кардан осон аст?
— Зиндагӣ кардан осон нест, зеро он мубориза аст, саршор аз имтиҳонҳо аст. Зиндагӣ кардан ҳамон вақт осон мегардад, ки ба сахтиҳо ва нобаробариҳо мубориза бурда тавонӣ ва шикастнопазир бошӣ.
— Дар дунё одамони бад бисёранд ё одамони хуб?
— Хислати неку бад дар ҳар кас ҳаст, аммо ман дар гирду атрофам ҳеҷ гоҳ одами бад надидаам ва фикр мекунем дар дунё одамони хуб бисёранд.
— Мақсади ба дунё омадани мо чист?
— Ҳадафи ба ин дунё омадан ба фикри ман аз худ чизе мондан аст.
— Мо қабул дорем, ки ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ барои муаррифии ҳунар майдони хуб гаштааст. Шумо ин майдонро хеле хуб истифода мебаред. Бигӯед, ки чӣ гуна тасмим гирифтед, ки рӯ ба блогерӣ биёред?
— Бале, майдони хуб аст, аммо мутаассифона, бархеҳо тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро намедонанд ва ба корҳои ношоям, аз қабили паст задани шаъну шарафи ашхосе, паҳну нашри матолиби номатлуб ва ғайраҳо машғул мешаванд, ки кори хуб нест. Фазои маҷозиро бояд мардум ба фоидаи давлат ва ҷомеа истифода баранд. Ман ҳам бо мақсади муаррифии ҳунарам ва ба мардум хушҳолӣ бахшидан тасмим гирифтам, ки дар интернет фаъол шавам. Аввал аз Тик-ток оғоз кардам, аммо бинандаи зиёд пайдо карда натавонистам. Ноумед нашудам ва ба Инстаграму Ютуб ворид шудам. Хушбахтона, дар ин шабакаҳо маро хуб қабул карданд.
— Дар ҳама наворҳоятон шумо бо сачоқ баромад мекунед, чӣ гуна ин идея пайдо шуд?
— Аслан, ман мехостам дар сарам парик монда, наворҳоямро таҳия кунам, аммо вақте ки дар Тик-ток як блогери қазоқистониро бо сачоқ дидам, ба хулосае омадам, ки чунин мекунам. Аммо идеяе, ки худам танҳо нақши чанд нафарро бозӣ кунам, аз устоди равоншод Аловиддин Абдуллоев мебошад. Вақте ки он касро тамошо мекардам, хеле хушҳол мешудам ва илҳом мегирифтам.
— Чаро дар наворҳоятон нақши занро мебозед?
— Албатта, дар саҳначаҳоям ман дар баробари нақши зан, нақши духтару писари хурдсол, марди хона ва ғайраҳоро иҷро мекунам, аммо зиёдтар нақши занро иҷро мекунам. Дар асл, ҳунарманд бояд аз уҳдаи иҷрои дилхоҳ нақш баромада тавонад.
— Мавзӯи наворҳоятонро чӣ гуна интихоб мекунед?
— Мавзуъҳоро аз миёни мардум интихоб мекунам. Мавзуъҳое, ки рӯзмарраанду ҷолиб, болояшон кор мекунам.
— Саҳнаҳоятонро кӣ менависад?
— Аксаран худам менависам ва ҳунари сенариянависӣ ҳам дорам. Ҳатто чанд филм навиштаам, аммо бо сабаби пайдо нашудани сарпараст онҳо танҳо болои коғаз монданд. На танҳо сенария, балки сабту танзимро ҳам худам анҷом медиҳам.
— Як наворатон дар бораи сарояндаи машҳур Зулайхо Маҳмадшоева буд ва ӯ дар зери наворатон чунин шарҳ навишт: “Ма мембрм дар у полотенцаи сарт аку”. Ҳамин шарҳи сарояндаи машҳур ба шумо чӣ дод?
— Шояд бовар накунед, аммо видеои мазкурро зиёда аз як сол пеш сабт карда будам ва дар хазинаам буд. Чанде пеш тасмим гирифтам, ки танзим карда мемонам. Ростӣ, ман бовар надоштам, ки Зулайхо Маҳмадшоева вокуниш мекунанд ва боз ин хел. Хурсанд шудам ва ҳамон шарҳ ба ман илҳом дод, ки бояд бештар кор кунам.
— Аввал дар зери наворҳоятон суханҳои бад мегуфтанд, ҳоло хуб мегӯянд. Ба фикри худатон чӣ сабаб шуд, ки нигоҳи мардум ба эҷоди шумо дигар шуд?
— Роҳи блогерӣ чунин аст, зеро дар аввал аудиторияи муайян нест, бархурдҳо гуногун мешаванд. Ҳоло ман намегӯям, ки гапи бад нест, ҳаст, аммо кам аст. Чун аллакай бинандаи худамро ёфтаам ва ин сабаб мешавад, ки онҳое, ки намехоҳанд камтар ворид шаванд ба саҳифаам.
— Ҳоло аз блогерӣ фоидаи моддӣ меёбед?
— Дар ҳоли ҳозир даромад надорам. Танҳо мақсадам зиёдтар шинохта шудан аст, ки рӯз аз рӯз ба ҳадаф наздик мешавам.
— Блогер будан осон аст?
— Дар умум блогерӣ барои онҳое, ки тими муайян надоранд, душвор аст, зеро онҳо ҳама корро худашон танҳо анҷом медиҳанд. Чун ман дар танҳоӣ ҳамаи корамро иҷро мекунам, хеле мушкил аст.
— Чӣ нақшаҳо доред барои рушди блогатон?
— Ният дорам дар оянда дар саҳифаи ютубам барномаи сайёҳие ташкил кунам ва гӯшаҳои зебоманзари кишвари азизамонро ба оламиён нишон диҳам. Дар умум нақшаҳоям хеле зиёданд, аммо сарпарас нест, ки онҳоро амалӣ намоям. Ҳатто ман техникаи хуб надорам, ки наворҳоямро бо сифати баланд таҳия намоям.
Таҳияи Меҳрубон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ