Шоҳмотбози 6-сола қаҳрамони Осиёи Ғарбӣ шуд
Шоҳмотбози 6-сола аз вилояти Қизилордаи Қазоқистон Динмуҳаммад Сайрани шашсола қаҳрамони Осиёи Ғарбӣ миёни наврасону ҷавонони то 18-сола гардид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, имсол Динмуҳаммад шашсола шуда, ба гуфти волидонаш, шоҳмотбозиро аз синни барвақтӣ оғоз кардааст.
Дар чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот Динмуҳаммад омодагии ҷиддӣ дида будааст. Худи мусобиқа дар соҳилҳои Иссикули Қирғизистон доир шуда, дар он 280 нафар иштирок намудаанд. Аз миёни ин варзишгарон намояндагони кишварҳои Ҳиндустон, Тоҷикистон, Туркманистон, Бангладеш, Ӯзбекистон ва аъзои Федератсияи байналмилалии шоҳмот мебошанд.
Шоҳмотбоз аз Қизилорда иқрор шудааст, ки ҳарифон хеле пурқувват будаанд, вале ӯ тавонистааст дар ҳафт давр ҳамаро мағлуб намояд ва дар навъи шоҳмоти рапид пирӯзӣ ба даст орад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ