Шоҳмотбози рус Крамник аз бозӣ дар сомонаи Chess.com даст кашид

14-умин қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот Владимир Крамник изҳор намуд, ки минбаъд дар сабқатҳои онлайнии шоҳмот дар сомонаи Chess.com иштирок нахоҳад кард.

ТВ “Варзиш” ёдрас шудааст, ки чанде пеш дар бозӣ муқобили Ханс Ниманни амрикоӣ баъзе аз гаштҳои ҳариф барои шоҳмотбози россиягӣ шубҳанок ба назар мерасиданд.

«Ман қарор кардам аз фардо дар сомонаи Chess.com дигар бозӣ накунам. Инҷо фиребкорони ошкоро хеле ҳам зиёд шудаанд ва барои аз сомона берун кардани чунин нафарон ҳеҷ чорае андешида намешавад. Суханҳо сахт мерасанд, аммо ин ҳақиқат аст. Нафарони дигареро, ки дар ин масъала бетараф нестанд, бо нашркунии оморҳои ҷолиб хабардор мекунам. Умедҳо ягон мавриде пайдо мешаванд, вале зарур аст, ки ақаллан аз фиребкорони ошкоро сомонаро пок намуд»,- навиштааст Крамник дар саҳифаҳои хеш дар сомонаҳои иҷтимоӣ.

— Пештар бошад, норозигӣ ба Ниманнро 16-умин қаҳрамони ҷаҳон Магнус Карлсени норвегӣ баён намуда буд,- меафзояд ТВ “Варзиш”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *