Шоҳона Каримова рисолаи номзадӣ ҳимоя кард

Шоҳона Каримова — нахустфарзанди шоирони номвари кишвар Озарахшу Фарзона ва келини Хайринисо Юсуфӣ рисолаи номазадии хешро дар мавзӯи «Робитаҳои адабии тоҷику араб дар давраи Истиқлол (1991-2021)» ҳимоя кард.

Дар рисола Шоҳона Каримова бештар ба саҳми арабшиносони муосири тоҷик дар таҳқиқи адабиёти тоҷику араб диққат додааст. Ҳамчунин, дар кори илмии худ муаллиф нақши тарҷумони тоҷику араб дар тарвиҷи ин робитаҳо ва сабабҳои инкишофи робитаҳои адабии тоҷику араб дар 30 соли истиқлоли Тоҷикистонро низ мавриди пажуҳиш қарор додааст.

Гуфта мешавад, ки кори мазкур дар адабиётшиносии тоҷик бори нахуст ба назар мерасад. Дар рисолаи мазкур метавон оид ба якчанд ҷанбаҳои ин мавзуъ, масалан роҷеъ ба таҳқиқи адабиёти тоҷик дар шарқи Араб, мавзуоти ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии араб дар шеъри шоирони муосири тоҷик, таъсирпазирии шоирони давраи навини тоҷику араб, тарҷумаи арабиву тоҷикии осори мансуру манзуми бадеиву илмиву динӣ, ки дар зарфи сӣ соли охир сурат гирифтаанд, иттилоъ пайдо намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *