Шоҳраге дар пайкари Тоҷикистон

Роҳи музднок  ҷодаест, ки ин ё он ширкат барои нигоҳдориаш муваззаф буда, ҷиҳати ҷавобгӯи талабот будани он масъулият дошта, дар ин самт бояд аз имконоти дар ихтиёрдоштааш самаранок истифода намояд. Маъмулан ҳукумати кишварҳои рӯ ба рушд дар заминаи татбиқи чунин лоиҳаҳо, ки аксар маврид бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мешавад, ҳолати роҳҳоро беҳтар менамоянд. Бояд дарк намуд, ки талабот ва усули истифодаи чунин тарзи кор (манзур ҷорӣ намудани низоми толлингии истифодаи роҳҳо аст) дар ҳар кишвар махсусиятҳои худро дорад.

Дар кишвари мо низ солҳои аввали ҷоришавӣ ин иқдом бо бархӯрд ва назарҳои интиқодӣ рӯ ба рӯ буд. Аксарият ба ном мунаққидон иддао доштанд, ки ин роҳ аз ҳисоби давлат сохта шудаасту чаро онҳо барои истифодааш маблағ пардохт намоянд?  Бо мурури вақт ин низом натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ муътақид гардиданд, ки пули пардохтнамуда барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, ташкили инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои пуриқтидори замонавӣ харҷ мешавад. 

Солҳои аввали татбиқи ин иқдом баъзеҳо иддао доштанд, ки ҷоринамоии ин низом дар сурати мавҷудияти роҳи алтернативӣ бояд сурат гирад. Вале роҳи Душанбе – Чаноқ аз лиҳози релефи ҷойгиршавӣ махсусият  дорад, ки  мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Бояд дарк кард, ки дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр бунёди роҳи ба истилоҳ «алтернативӣ» ва  нигоҳдории роҳи мавҷуда то андозае ғайриимкон аст. Зеро нигоҳдории роҳи «алтернативӣ» низ хароҷоти қобили мулоҳиза дошта, сарбории масрафи маблағҳои буҷавиро зиёдтар менамояд.

Баъд аз  15 соли фаъолияти пурмаҳсули «IRS» ва бо назардошти махсусияти ҷуғрофиву иқлимӣ ва ғайра метавон гуфт, ки истифодаи муздноки роҳи Душанбе – Чаноқ асоснок ва муҳим аст. Зикр кардан бамаврид аст, ки роҳи Душанбе – Чаноқ аз лиҳози нигоҳдорӣ махсусияти зиёд дошта, табиист, ки  на ҳама ширкатҳои саҳомӣ майли сармоягузорӣ ба чунин роҳро доранд. Касе инкор карда наметавонад, ки роҳи мазкур то босзозӣ шудан душворгузар маҳсуб мешуд. Мардум  азобҳои дар роҳҳои пурпечутобу хатарноки Душанбе-Айнӣ-Панҷакент, Душанбе -Айнӣ-Хуҷанд, махсусан ағбаи Анзоб кашидаашонро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунанд. Мусофирону ронандагон ҳафтаҳо  дар Майхӯра  ё  мавзеи «Ветерок»-и ноҳияи Айнӣ шабҳоро рӯз мекарданд. Аз сабаби зиёд будани теъдоди мусофирон ҳама тавассути тайёра ба шаҳри Хуҷанд рафта наметавонистанд. Ба шаҳри Панҷакенту ноҳияи Айнӣ дар фасли зимистон аз Душанбе ва Хуҷанд рафтуомад  имконнопазир гардида, танҳо ба воситаи шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкони ба водии Зарафшон рафтан мавҷуд буд.

Аз ҷониби дигар, вазъи ногувори роҳ боиси он мегардид, ки ронандагон хароҷоти зиёдатӣ намоянд. Бинобар ҳолати ногувори роҳ мошинҳо сарфи назар аз сабукрав ва ё боркаш будан, зуд — зуд вайрон шуда, боиси нороҳатӣ ва хароҷоти зиёдатӣ мегардид.

Таҷрибаи нигаҳдории роҳи «Душанбе — Чаноқ» нишон дод, ки «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар самти коршоям нигоҳ доштани роҳи мазкур тамоми чораҳоро меандешад ва бо мақсади тасмимгирии дуруст ва гирифтани таҷриба бо ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ дар соҳаи роҳсозӣ муносибатҳои шарикиро ба роҳ мондааст. Шоҳид ҳастем, ки дар мавсими сармо кормандони “IRS” шабонарӯзӣ роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард, ҳазорҳо тармаро бетаъхир бартараф месозанд, автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол медиҳанд, мусофирон, хоса занону кӯдаконро  муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир карда, ба ронандагон ғизо тақсим мекунанд. Ҳамасола боришоти шадиди барф, тармафароӣ, лағжиши сангпораҳо, бориши пуршиддати борон сарбории кормандони филиали Ширкатро дучанд намуда, онҳоро ба маънои том шабзиндадор мекунад. Ин аст, ки бо вуҷуди номусоидии обу ҳаво роҳи Душанбе – Чанок доимо кушода аст.

Бо фаро расидани гармо сарбории кормандони он зиёдтар шуда, таъмири куллӣ ва ҷории роҳ, тоза намудани ҷӯйборҳои канори роҳ, насби аломатҳои он, соҳилмустаҳкунӣ, бунёди пойдеворҳо, кашидани хатҳои уфуқӣ ва дигар корҳои марбут ба нигоҳдории роҳи Душанебе – Чаноқ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ва ҷалби мутахассисони болаёқат амалӣ шуда истодааст.

 Агар гӯем, ки 15 соли фаъолият марҳилаи санҷишу имтиҳонҳои ҷиддӣ, такомулу шаклгирии фаъолият, тавсеаи равобит, болоравии сатҳи маъруфият, пурқувват гардидани пойгоҳи техникӣ, саҳмгузорӣ дар ғановати буҷети давлатӣ ва ғайра маҳсуб мешавад, муболиға нахоҳад буд.  Корҳои амалишуда далели бебаҳси онанд, ки дар тамоми ҳолат кормандони филиали Ширкат рисолати дар асоси шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба зиммаашон вогузоршударо дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷой оварданд.

Ҳолати хуби  роҳи Душанбе-Бӯстон-Чаноқ ба рушди туризми дохилию хориҷӣ низ мусоидат намуд. Тамоми сол сокинони қисмати марказию ҷануби кишвар тавассути роҳи мазкур ба осоишгоҳҳои «Ҳавотоғ»-у «Зумрад» ва тамошои Хуҷанду Қайроққум мераванд. Сокинони шимоли кишвар бошанд, дар зарфи чанд соат ба пойтахт расида, ба тамошои қалъаи Ҳисору осоишгоҳҳои «Шоҳамбарӣ», «Оби Гарм» ва сайри «Чилучорчашма» метавонанд мушарраф гарданд. Сайёҳони хориҷӣ низ имкон пайдо намуданд, ки ба шарофати ҳолати хуби роҳи мазкур  тамоми сол бо табиати зебои диёрамон ошно шаванду аз тамошои он лаззат баранд.

 Хулоса, роҳи Душанбе-Бӯстон-Чаноқро метавон шоҳраге дар пайкари Тоҷикистони азиз номид, ки нигоҳдориашро «IRS» дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ карда истодааст.

Б. Неъматулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *