Шоҳтут давои бемориҳои меъдаву рӯда
Мизоҷи шоҳтут дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он:
1. Агар самари расидаи шоҳтутро бихӯранд, моддаҳои сахтшударо дар бадан мулоим мегардонад, фишори баланди хунро паст мекунад, хилти сафроро тит ва пароканда месозад, варамҳои гарммиҷози ҳалқро мегардонад ва таҳлил медиҳад.
2. Агар бо оби самари шоҳтут ғарғара кунанд ё он обро дар даҳан гардонанд, решҳои раддӣ, ҷӯшиши даҳан ва обилаҳои он, варамҳои ҳалқ, ком ва забонро дафъ мекунад.
3. Хӯрдани меваи шоҳтут захми рӯдаҳо, исҳолҳои гарм ва хунинро шифо мебахшад. Хусусан хушки онро бо оби кашнизи тар ва оби коснӣ бихӯранд, намегузорад, ки моддаҳои зарарнок аз ҳар ҷойи бадан ба меъда рехта шаванд.
Таъкид:
Аз ҳад зиёд хӯрдани меваи шоҳтут ба узвҳои даруни сина, шуш ва асаб зарар дорад. Дар ин маврид асал ва оби анор ошомидан даркор аст, ки зиёнаш ислоҳ ёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ