“Шоҳин” кӯдакони маъюби Айнӣро бурд

70 нафар кӯдаки маъюб, волидайни онҳо дар сатҳи маҳал аз ноҳияи Айнӣ муддати як ҳафта дар осоишгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон  ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Лагери истироҳатӣ барои кӯдакони маъюб бо  намояндагии Ассотсиатсияи КАРИТАС Олмон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ созмон дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи лагери истироҳатӣ намояндагони КАРИТАС, созмонҳои ҷамъиятии «АЗИТ», «ДАРО»  ва осоишгоҳи «Шоҳин»  зикр карданд, ки кӯдакони маъюб дар радифи кӯдакони солим  ба хизматрасониҳои тандурустӣ, таҳсилотӣ, маишӣ ва  ҳуқуқӣ  дастрасии баробар доранд.

Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба некуаҳволии шахсони маъюб таваҷҷуҳи махсус медиҳанд ва баимзорасонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 шаҳодати гуфтаҳост.

Бояд тазаккур дод, ки кӯдакони маъюб, ки нуқсҳои биниш, шунавоӣ, нутқ, ҳаракат ва зеҳнӣ доранд,зарфи як ҳафта дар лагер хуб истироҳат карданд. Барномаи тафреҳӣ асосан аз машқҳои пагоҳирӯзӣ, расмкашӣ, ширешкорию гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, кулолгарӣ, оббозӣ, шеъру сурудхонӣ, рақс, мусобиқаҳои варзишӣ ва бисёр чорабиниҳои дигари фарҳангию варзишӣ ва ҳунарӣ иборат буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *