Шоҳҷоизаи озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» насиби кӣ мешавад?
Инак, то анҷоми озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» ҳамагӣ чор ҳафта вақт монд. Мубориза байни иштирокчиён рӯз то рӯз шадидтар мегардад, зеро ҳар довталаб мехоҳад соҳиби шоҳҷоиза гашта, ба шаҳри афсонавии Дубай сафар намояд.
Аз 40 нафар сарояндагоне, ки ба даври дуюми озмун роҳ ёфтанд, ҳамагӣ 20 нафар ба даври финилӣ гузашта, дар консерти ҷамъбастии озмун, ки санаи 17-уми март, соати 14-00 дар толори Филармонияи Давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард.
Аз байни инҳо танҳо як нафар сарояндаи беҳтарин, ҳунарманде, ки то ҷамъбасти озмун аз ҳама бештар овоз-анкета гирифтааст, соҳиби шоҳҷоизаи озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» мегардад.
Мухлисони Фирӯза Ҳафизова мухлисони Зулайхоро пачақ мекунанд?
Ҳафтаи ҷорӣ мухлисони ҳунари Фирӯза Ҳафизова ба ҳуҷум гузаштанд. Ҷонибдорони ин ҳунарманд дар даврҳои аввал он қадар фаъол набуданд, вале акнун аз хоби зимистона бедор шуда, ба ҷонибдории Фирӯзаи паричеҳраи 749 барга-анкета фиристоданд. Агар мухлисони Фирӯза Ҳафизова то ҷамъбасти озмун ҳамин гуна садоқату муҳаббати худро нишон диҳанд, то охири давр ба Зулайхо Маҳмадшоева расиданашон аз эҳтимол дур нест.
Браво, Фотима!
Ошиқони садои дилошуби Фотима Машрабова аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 600 овоз фиристонида наъразанон ваъда доданд, ки ин помиридухтари парипайкарро дар озмун дстгирӣ хоҳанд кард. Фотима Машрабова баъд аз оне, ки ҳамроҳи Нигина Амонқулова суруди «Гул бо рӯяте»-ро суруд, дар саросари ҷумҳурӣ шинохта гашта, ҳаводорони зиёде пайдо кардааст. Мо аминем, ки дар чор ҳафтаи боқимонда низ мардуми Бадахшон муҳаббати худро ба ин ситораи ҳунар бо фиристонидани анкетаҳои сершумор собит менамоянд.
Ки зӯр: мардуми Муъминобод ё водии Зарафшон?
Шумораи овозҳои Далери Мирзо ва Бобоҷони Амонулло қариб якранг буда, аз ин ду ҳунарманди ҷавон танҳо як нафарашон шанси дар озмун ғолиб омаданро доранд. Мухлисони Далери Мирзо аз Муъминобод даста-даста барга фиристода гуфтанд, ки то ҷон дар бадан доранд, намегузоранд, ки ҳунарманди дӯстдоштаашон дар ин мубориза шикаст хӯрад. Шумораи овозҳои ин булбули муъминободӣ ба 901 расидааст, вале ҳаводорони Бобоҷони Амонулло низ дар ин набарди ҳунарӣ паст омаданӣ нестанд. «Мо, мардуми Зарафшон ғурури бисёр баланд дорем ва ҳаргиз намегузорем, ки касе сарояндаи Зарафшониро мағлуб созад» мегӯяд Зиёмуҳаммад, ки мухлиси ашаддии Бобоҷони Амонулло аст.
Ногуфта намонад, ки Бобоҷони Амонулло ягона ҳунарманде аст, ки Вилояти Суғдро дар ин озмун муаррифӣ менамояд. Дар даври финалии озмун иштирок кардан ё накардани ин сарояндаи ҷавон ба шумораи баргаҳое вобаста аст, ки мухлисонаш ба ҷонибдории Бобоҷон мефиристанд.
Ку мардони бо нангу ори водии Зарафшон ва вилояти Суғд. Наход насли Деваштичи бузург аз ғурури хеш аз санъати асили хеш дастгирӣ нанамояд?!
Мухлисони Баҳрому Ҷонибеку Меҳрнигор суст намонед!
Баҳром Ғафурӣ, Меҳрнигори Рустам ва Ҷонибек Муродов аз беҳтарин ҳунармандони саҳнаи тоҷиканд, ки бо санъати волояшон на танҳо дили мо-ҳамватанонашон, балки хориҷиёнро низ тасхир намудаанд. Ин ҳунармандони асил санъати тоҷикро берун аз марзҳои Тоҷикистон муаррифӣ намуда, хизмати арзандаеро баҳри фарҳанги тоҷик анҷом медиҳанд. Меҳрнигор ҳафтаи равон Ҳиндустонро тасхир намуд, Ҷонибек Аврупову Баҳром Амрикоро. Бегонаҳо ин ҳунармандони асилро рӯи даст бардошта мегарданд, вале чаро мо, ҳамватанонашон ба қадри Баҳром, Ҷонибек ва Меҳрнигор барин ҳунармандони асил намерасем? Ҳой мардум, аз хоби ғафлат бедор шавед! Тақдири ин ҳунармадони асил дар озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» дар дасти шумост! Овоз диҳед, он гоҳ Баҳрому Ҷонибеку Меҳрнигор дар консерт иштирок намуда, хотири шуморо бо таронаҳои дилангезашон шод месозанд!
Фарзонаи Файз ба кӣ дил баст?
Таронаи «Дӯстат медорам»-и сарояндаи ҷавон ва актрисаи овозадор Фарзонаи Файз, ки дар филмҳои «Беҳуда хорам мекунӣ» ва «Бедил» нақши асосиро бозидааст, дар байни ошиқони суруду мусиқӣ ғулғула афканд.
Пас аз шунидани ин суруд мухлисони Фарзонаи Файз аз хоб бедор шуда, ба ҷонибдории ин зебосанам даста-даста барга фиристода истодаанд. Мо аминем, ки Фарзона бо дастгирии мухисонаш ба даври финалии озмун роз ёфта, хотири ҳамагонро бо нозу ишваҳои ширин ва садои дилнавозаш шод мегардонад…
Ба консерт биёву роҳат кун!
Бори дигар ёдовар мешавем, ки саннаи 17-уми март дар толори Филармонияи Давлатии Тоҷикистон шоу-консерти «Оҳанги ҷавонӣ» баргузор мегардад. Тақдири ҳар як ҳунармандро шумораи баргаҳое муайян хоҳад кард, ки мухлисонаш ба ҷонибдории ӯ мефиристанд. Ҳар лаҳзаву ҳар соат ғанимат аст! Фурсатро аз даст надода, фаъолона овоз диҳед ва ба ҷонидории ҳунарманди писандидаатон даста-даста барга фиристода, барои ба қатори ғолибони озмун ворид гаштанаш кӯмак расонед.
Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ