Шоҳсутуни созандагӣ ва бунёдкорӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои созандаву бунёдкор барои халқу миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, зеро заҳматҳои нодиру ибратомӯзи ин шахсияти таърихӣ, ки миллатро аз парешонию сарсонӣ, дастнигарию барҷомондагӣ раҳоӣ бахшид, боиси ифтихормандию сарбаландии ҳар як сокини мамлакат мебошад. Таърих собит сохтааст, ки миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик борҳо ба зулму таъқиботи аҷнабиён гирифтор гашта, аз чӣ қадар сарзамини паҳновари хеш, фарзандони фарзонааш ва фарҳанги бойю пурғановаташ маҳрум гаштааст. Ба даст овардани истиқлолияти комил орзуи ҳамешагии мардуми тамаддунофар, фарҳангдӯсту заҳматқарини тоҷик буд.
Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдор намудани сулҳу ваҳдат дар кишварамон аз арзишмандтарин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 25 сол қабл қайд карда буданд, ки барои Тоҷикистон дар ин ҳолати нобасомонию парешонӣ роҳбаре лозим аст, ки худашро қурбон кунаду миллатро сарҷамъ намояд. Касе ба ҷуз Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ин кор ҷуръат накард. Наҷоти миллати тоҷик аз вартаи нобудшавӣ воқеаи муҳими таърихӣ буда, аз саҳифаҳои таърих зудуда нахоҳад шуд.
Бахусус, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, таҳти сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, рукнҳои давлатдорӣ ва низоми идоракунӣ дар кишварро таҳкиму тақвият бахшида, барои сокинони мамлакат зиндагии шоиста ва комилро муҳайё намуд. Ҳамзамон, аз проблемаву мушкилоти иқтисодиву сиёсие, ки солҳои 90-уми қарни ХХ пешорӯи сокинони мамлакат қарор дошт, асаре боқӣ намондааст. Зербинои ҳалли ин мушкилотро натиҷаи талошу заҳматҳои фидокоронаву садоқатмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо неруҳои солими ҷомеа ва фаъолияти ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кардан мумкин аст, ки ин ақида илман асосноку ифодагари равшани воқеияти комили имрӯзи Тоҷикистони навин мебошад.
Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту машваратҳои тарафҳои даргир багузор гардида, билохир 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Метавон инро ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихӣ дар ин марҳалаи муҳими ҳассос ба халқи тоҷик арзёбӣ кард.
Ваҳдати миллӣ бақои миллат буда, танҳо дар муҳити ваҳдату ризоияти ягона метавон зиндагии осоиштаро сазовор гардид ва қадамҳои устуворро ҷониби корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва шукуфоӣ гузошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ