Шодихон Ҷамшед ба Сара Минкара оид ба вазъи маъюбон маълумот дод (аудио)

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо мушовири Котиботи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳуқуқи маъюбон хонум Сара Минкара, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Шодихон Ҷамшед нахуст хонум Сара Минкараро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам намуда, ҳамзамон оид ба вазъи маъюбони кишвар ба номбурда мухтасар маълумот додааст. Аз ҷумла, ӯ иброз доштааст, ки маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маъюбони кишвар зери ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

— Хонум Сара Минкара, мушовири Котиботи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳуқуқи маъюбон дар навбати худ иброз дошт, ки ҳадафи сафари ӯ ба Тоҷикистон муҳокимаи ҳуқуқи маъюбон дар Тоҷикистон, пешравӣ дар самти тасдиқи Оинномаи СММ оид ба  ҳуқуқи маъюбон ва имконияти мусоидат ба шуғли фарогир ва таҳсили ин табақа дар Тоҷикистон мебошад,- меафзояд манбаъ.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *