Шодихони Ҷамшед ваколаташро месупорад

Собиқ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ояндаи наздик бо хоҳиши худ ваколати аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, муовини раиси ин Маҷлисро месупорад, хабар додааст як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон собиқ раиси ВМКБ охири ҳафтаи гузашта муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар таъин шуда, мутобиқи меъёрҳои қонунгзории кишвар, дигар курсии вакилӣ дар ҳама гуна сатҳҳоро ишғол карда наметавонад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ба курсии аъзои нав дар Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ, муовини раиси Маҷлис номзадии раиси нави аз ҷониби президент таъиншудаи ВМКБ Ёдгор Файзов пешбарӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (панҷ нафарӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 нафарро бо фармони худ президент таъин мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *