Шодрӯз: Падарам дар рӯзи ид модарамро кушт

Дар рӯзи Иди ғалаба, яъне санаи 9-май дар саросари кишвар ид буд, аммо дар хонаи мо мотам буд. Зеро падарам аз набудани мо истифода бурда, Азроили ҷони модарам шуд нақл кард ягона писари хонадон- Шодрӯз Охунов:

 “-Ҳамон саҳарӣ аз хоб хестам ва чун дигар нонушта кардаму аз дар берун шудам.  То дами  дар хона буданам ҳама ҷо тинҷию оромӣ буд. Ид, ки буд мо ҷӯраҳо ҳамроҳ маркази ноҳия, яъне ба ҷамоати Бӯстон рафтем. Баъди соати 10:00 ё 10:30 ба хона омадам. Дар ду соати дар хона набуданам хонаи мо мотамхона будаасту ман бехабар. Шояд ид нарафта ҳамин ҷо мемондам пеши роҳи бо дастони падарам кушта шудани модарамро мегифтам?… Падарам аз набудани ман истифода бурда, дарвозаро қулф зада даст ба куштори модарам задааст. Вақте садои доду войи модарам мебарояд аз ин дарвозаҳои баланди мо касе даруни ҳавлӣ дармада наметавонад”-идомаи дод Шодрӯз.

Падарам баъди модарамро кушта ба  хун оғӯштанва  аз хун сер шудан  дарвозаҳои бастаашро мекушояду берун меравад.

Дар поёнтари хонаамон канал ҳаст. Дар ҳамон ҷо расидам, ки падарам бо велосипед аз пеш омад. Ҳеҷ дар ақлам намеҷунҷад, ки ӯ ҷони модарамро гирифта баъд ба кӯча баромадааст. Маро диду великро дода гуфт, ки “инро бурда дар ҳавлӣ мон, ман каме кор дорам баъд ба хона меравам”. Ман ҳам “хуб” гуфтаму велосипедро гирифта сӯи хона ҳаракат кардам. 25-30 мерт роҳ рафта будам, ки як ҷӯраам бо телефони ҳасмоя занг зада гуфт, ки тезтар биё хонаатон ҷанг. Ба ӯ гуфтам, ки “чӣ хел ҷанг,о ман  як минут пеш падарамро дида будам-ку!” ҷӯраамро гапро дароз накарду гуфт, ки тез биё гуфтан пас тез биё…

Дилам ғалоғула карду шамол борин ба хона ҳозир шудам. Дарвозаҳо кушоду буду модарам рӯи ҳавлӣ наменамуд. Ду се бор “оча-очаа-а-а” гӯям ҷавобе наомад. Як ду қадам пештар занам, ки ҳар куҷо қатра-қатра хун. Фикр кардам, ки пои гов ягон кор шудаасту барои ҳамин падарам саромасема рафтааст. Ба изи хун  равам, ки дарёи дар ҷӯи хун ошхона. Остонаи дар ва рӯи замин лола борин суп-сурх, модарам бошад рӯяш дар замин пуштнокӣ хоб аст. Ба тамоми овоз “оча!” гуфта сарашро бардорам, ки ғарқи хун чеҳраашро шинохта намешавад…

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.

                                                                  Фарзона Муродӣ

                                                                     Иқболшо Пирӯзов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *