Шогирдони Пайрав Воҳидов ба Ҷоми ҷаҳон омода мешаванд

Мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Ўзбекистон баргузор мешавад, оѓоз кард.

Дастаи футзали Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард, ки то 17-уми июл идома мекунад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъди ҷамъомад барои ширкат дар мусобиқа бо ширкати тимҳои миллии Ўзбекистон, Беларус ва Гватемала ба Бухоро сафар мекунад.

Дар Чемпионати ҷаҳонии футзал-2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои яккачини Марокаш (16-уми сентябр), Португалия (19-уми сентябр) ва Панама (22-юми сентябр) бозӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *