Шоира баъди ду пирӯзӣ шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқатҳо маҳрум гардид
Муштзани тоҷик Шоира Зулқайнарова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон пас аз ду пирӯзӣ бар намояндагони Кувейт ва Кореяи Ҷанубӣ дар вазни 63 кг 16-уми май дар даври чорякфинал аз варзишгари Ҳиндустон Парвин шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21-уми май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз ба ғайр аз Шоира инчунин Сумайя Қосимова (48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг) ва Миҷгона Самадова (57 кг) намояндагӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон танҳо як медали биринҷӣ дорад, ки онро соли 2012 Мавзуна Чориева ба даст овардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ