Шоира Зулқайнарова дар Чемпионати ҷаҳон боз пирӯз шуд

Муштзани тоҷик Шоира Зулқайнарова 15-уми май дар даври ҳаштякфинали Чемпионати ҷаҳон дар вазни 63 кг бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳаидун Ҷионг пирӯз шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳарифи Шоира дар ин давр Парвин аз Ҳиндустон буда, муҳорибаи онҳо имрӯз — 16-уми май сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, варзишгари дигари мо Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50 кг дар муҳорибаи дуюмаш (дар даври аввал бар варзишгари Боливия Айда Санталла ғалаба карда буд) аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа шикаст хӯрд.

Маврид ба зикр аст, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21-уми май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.

Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз ба ғайр аз Шоира инчунин Сумайя Қосимова (48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг) ва Миҷгона Самадова (57 кг) намояндагӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *