Шоири бузург ва тараннумгари ҳувияти миллӣ
Сухан ва суханварӣ ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ дар тамоми давраҳои инкишофи тамаддуни тоҷикон мақоми шоиста касб намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ дар соҳаи фарҳанг ҳамвора аз сухан ва суханварон пуштибонӣ карда, заҳмати ононро қадршиносӣ менамоянд. Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки таҷлил гардидани 1150-солагии Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 400-солагии Миробид Сайидои Насафӣ ва 700-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, воқеан, баёнгари сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат маҳсуб ёфта, арҷгузорӣ ба адабиёту намояндагони он ҳамчун муфаххароти милливу фарҳангӣ арзёбӣ мегардад.
Сарзамини тоҷикон шоирхезу шоирпарвар аст. Ҳанӯз дар асри Х, ки камтар халқиятҳо соҳиби забону адабиёти бунёдӣ буданд, суханварони тоҷик бо забони ноби дарии тоҷикӣ, ки баъди зиёда аз ҳазор сол ҳам барои ҳамагон фаҳмову дастрас аст, ба гуфтани шеър пардохтаанд, ки дар саромади онон Устод Рӯдакӣ қарор дошт. Минбаъд шоироне, мисли Абулқосим Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Саййидои Насафӣ, Шамсиддин Шоҳин ва даҳҳо дигарон аз партави шеъри Рӯдакӣ баҳрабардорӣ намуда, бо дарёфти тарзу шеваҳои тозаи эҷоди бадеӣ майдони суханро сабз доштаанд.
Пешвои миллат дар тамоми суханрониву вохӯриҳо ва паёмҳои хеш бо зиёиёни кишвар ҳамеша ба аҳли илму адаб таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои таҳкими пояҳои фарҳанги миллӣ эътибори хоса медиҳанд ва барои рушди он заминаҳои мусоид фароҳам оварда, пуштибонӣ аз заҳмати адибону олимонро вазифаи аввалиндараҷаи давлату Ҳукумат арзёбӣ менамоянд. Ин аст, ки соли ҷорӣ бо қарори ЮНЕСКО таҷлил гардидани 700-солагии шоири бузурги хуҷандиюласли тоҷик — Камоли Хуҷандӣ, ки маҳз бо иқдому талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, боиси ифтихори ҳар яки тоҷику тоҷикистониён хоҳад буд.
Пешвои миллат, Ҷанобӣ Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсият ва мероси адабии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ҳамчун намояндаи бузурги адабиёти классикӣ, эҳтиром ва ҳусни таваҷҷуҳи хоса доранд ва беҳуда нест, ки дар китоби эшон – “Чеҳраҳои мондагор” дар қатори дигар чеҳраҳои маъруфи адабӣ ба сурати сирати Шайх Камоли Хуҷандӣ бо ҳусни ихлосу иродати хоса таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.
Имрӯз дар саросари кишвари азизамон – Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 700-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ корҳои зиёд анҷом пазируфта истодааст. Махсусан, дар ин самт фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” хеле назаррас аст, ки дар он олимону дастпарварони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамкории зич доранд. Ин муассиса то имрӯз якчанд асарҳои ҷолибу пурбор таҳия ва нашр намуд, ки “Мактаби Камол”, “Камол дар оинаи пажуҳиш”, “Камол дар оинаи тазкираҳо” ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Доир гардидани Озмуни “Камолхонӣ” дар вилоят бори дигар собит сохт, ки сокинони вилоятамон ба шеъру адабиёт ишқу алоқаи зич дошта, нисбат ба ашъори Камол ҳусни таваҷҷуҳи хоса доранд.
Олимону устодони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷлили ҷашни 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд.
Афзудан ҷоиз аст, ки дар ҷодаи баррасиву таҳқиқи аҳволу ашъори Шайх Камоли Хуҷандӣ, ҳамчун чеҳраи маъруфи адабиву ирфонӣ, олимони ин боргоҳи маърифат на танҳо имрӯз, яъне дар арафаи ҷашнгирии 700-солагии зодрӯзи ин шоири шаҳир паи ҷустору пажуҳишоти илмӣ гардидаанд, балки суннати омӯзишу таҳқиқи собиқ устодону донишмандони ин боргоҳи маърифатро тадовум бахшида истодаанд. Ба ҳамагон мусаллам аст, ки доктори илми филология, профессор Саъдулло Асадуллоев аз нахуст камолшиносони маъруфи донишгоҳамон маҳсуб ёфта, муассис ва нахустраиси Академияи Камол дар вилояти Суғд ба шумор мерафтанд. Ин олими фарҳехта хазинаи қариб тамоми китобхонаву осорхонаҳои кишварҳои маъруфи дунё, аз ҷумла Русия, Инглистон, Фаронса, Эрон ва Афғонистону Ҳиндустонро омӯхта, оид ба мавҷудияти нусхаҳои девони Камоли Хуҷандӣ маълумоти хубу нодир фароҳам оварда, натиҷаҳои ҷустуҷӯ ва ковишҳои хешро дар китоби “Камоли Хуҷандӣ” (1996) ҷамъбаст ва манзури хонандагон кардааст. Доктори илми филология, профессор Абдуманнон Насриддинов аз беҳтарин камолшиносони донишгоҳамон ба шумор омада, дар баробари силсилаи мақолоти илмии пурарзиш, китоберо перомуни хусусиятҳои ашъори Хоҷа Камол, мусаммо ба “Сеҳри мубин” (1993) ба нашр расонидааст, ки он то имрӯз се маротиба рӯи чопро дидааст. Докторони илми филология, профессорон Атахон Сайфуллоев ва Сайдулло Абдуллоев китоберо таҳти унвони “Малики адаб” (1998) оид ба зиндагинома ва осори Камоли Хуҷандӣ ба нашр расонидаанд, ки аз арзиши баланди илмиву адабӣ бархурдор аст.
Хизмати собиқ сармутахассиси шуъбаи табъу нашри донишгоҳ Абдуҷаббори Сурушро дар шинохту маърифат ва нашри девони Камоли Хуҷандӣ таъкид кардан бамаврид аст. Мавсуф бо таҳияву таълифи “Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ” ( соли 2015) ба ниёзмандони ашъори шоир дар роҳи маърифати ашъораш роҳро ҳамвор сохт. Мавсуф, ҳамчунин, аз рӯи чанд нусха “Девони Камоли Хуҷандӣ”-ро тасҳеҳ намуд, ки соли 2015 аз тариқи Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ба табъ расидааст. Қаблан, дар соли 2011 мавсуф дар якҷоягӣ бо дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Саидумрон Саидов низ девони Камоли Хуҷандиро таҳия ва нашр кардааст. Дар роҳи омӯзишу таҳқиқи замони зиндагӣ, ҷараёни рӯзгор ва мероси адабии Камоли Хуҷандӣ ҳиссаи олимони факултетҳои филологияи тоҷик ва таъриху ҳуқуқро низ метавон махсус қайд кард, ки пайваста дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои илмӣ мақолаҳо ба нашр мерасонанд.
Олимони донишгоҳ бахшида ба ҷашни шоири бузурги халқи тоҷик маҷмӯаи мақолоти илмии бузургҳаҷмро таҳти унвони “Ёдкарди Камоли Хуҷандӣ” дар ҳаҷми 37 ҷузъи чопӣ бо сифати хеле баланд дар нашриёти “Ношир” ба табъ расониданд.
Илова бар он, дар маҷаллаву нашрияҳо ва рӯзномаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ шумораи зиёди мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии олимони донишгоҳ ба нашр расиданд, ки дар муаррифии замони зиндагӣ, рӯзгор ва осори Хоҷа Камол ҳиссаи арзанда гузоштанд. Ҳамчунин, аз тариқи Радиои вилояти Суғд силсилаи гузоришоти олимони суханшиноси донишгоҳ дар барномаи “Паёме аз ҷовидон” аз аввали соли тақвимии 2020 бахшида ба ҷашни мазкур садо дода меояд. Дар телевизиони вилоят ва шабакаҳои телевизионии шаҳри Хуҷанд низ чандин барномаҳои пурмазмун перомуни зиндагинома ва осори Камоли Хуҷандӣ бо иштироки устодону дастпарварони донишгоҳ ба намоиш гузошта шуданд, ки барномаи “Шакаристон” аз беҳтарини онҳо буда, ба шарҳи ғазалҳои Шайх Камол бахшида шудааст ва аз ҷониби тамошобинон хуб пазироӣ мешавад.
Дар донишгоҳ бо ташаббуси устодон конфронсҳо, ҳамоишҳои илмӣ, мизи мудаввар баргузор гашта, дар онҳо ҷанбаҳои мухталифи рӯзгору осори Камоли Хуҷандӣ, омӯзиш ва таблиғу ташвиқи мероси адабии ин суханвари номӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шуданд.
Дар робита ба ҷашни 700-солагии Камоли Хуҷандӣ аҳволу ашъори ин шоири шаҳир дар меҳвари семинарҳои илмӣ-назариявӣ, илмӣ-методӣ, маҳфилҳои илмии донишҷӯён қарор гирифта, толибилмон доир ба ин шахсияти нотакрору беҳамто корҳои курсӣ, рисолаҳои хатми дараҷаи бакалавр ва магистрии худро ба анҷом расониданд.
Аз ҷониби устодони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ корҳои зиёд бахшида ба ин ҷашни бузург анҷом пазируфта истодааст. Олимони ин факулта якчанд китобҳоро ба нашр расониданд, ки аз ҷумлаи онҳо “Шарҳи ғазалиёти Камол”, “Гулбайтҳои Камол “, “Камоли Худжанди в России”, пйесаи “Ошёни Камол” барои мактабиён аз ҷумлаи онҳоянд.
Устодони факултети санъат низ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни шоири бузурги миллат пайваста меҳнат карда, ҳамроҳи шогирдон дар роҳи ба оҳанг даровардани ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд. Таълифу нашр гардидани китоби “Шакаристони Камол” (шарҳи 20 ғазал бо нота) ин андешаро комилан собит месозанд.
Мероси адабии Шайх Камоли Хуҷандӣ ва таҷлили 700-солагии рӯзи мавлуди ӯ шабеҳи гавҳари тобноки тамаддуни тоҷикон ва арҷгузорӣ ба онон бори дигар адабиёту фарҳанги пурғановати миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, ба ин васила барои таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, ҳофизаи таърихӣ ва ифтихор аз гузаштагони худ мусоидат хоҳад кард.
Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ