Шоири тоҷик “Нависандаи тиллоии ҷаҳон” шуд
Миёни адибони машҳури дунё адиби шинохтаи тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим ба гирифтани ҷоизаи фахрии “Нависандаи тиллоии ҷаҳон” сазовор дониста шуд.
Дар ин бора рӯзномаҳои адабии “Украинка”, “Черниговшина” ва “Спецкор” хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалии даҳ кишвар (ИМА, Олмон, Англия, Франсия, Италия, Испания, Украина, Чин, Ҳиндустон ва Ҷопон) ҷоизаи бонуфузи «Нависандаи тиллоии ҷаҳон»-ро таъсис доданд, ки дар он адибони боистеъдод, номдор ва муваффақи ҷаҳон эътироф карда мешаванд, ки осори баланд, дурахшон, наҷиб ва зоҳиди онҳо ба инсонпарварӣ, сулҳу субот, накӯкорӣ, адолату муҳаббат — арзишҳои умумибашарӣ, ки халқҳоро муттаҳид месозад ва ба рушду нумӯи онҳо мусоидат мекунад, равона гардида бошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ