Шоири тоҷик Назар Мирзода депутати Госдумаи Русия мешавад

Назар Мирзода дар муроҷиатномааш ба интихобкунандагон гуфтааст, ки мехоҳад бештар ба мушкили муҳоҷироне ки дар Русия зиндагӣ доранд, расидагӣ кунад

Шоир, журналист ва сиёсатмадори тоҷик Назар Мирзода (Мирзода Муҳаммадназар Мирғарибович) аз номи ҳизби ҳокими “Единая Россия” аз ҳавзаи инфиродии Сентралний дар шаҳри Санкт Петербург номзад ба вакилии Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия пешбарӣ шудааст.

Барои ниҳоӣ шудани номзадиаш Назар Мирзода бояд аввал дар овоздиҳии электронӣ дар сомонаи ҳизбӣ бар довталабони дигар дастболо шавад. Интихоботи вакилони Думаи давлатӣ моҳи сентябри соли 2021 баргузор мешавад.

Назар Мирзода дар муроҷиатномааш ба интихобкунандагон гуфтааст, ки мехоҳад бештар ба мушкили муҳоҷироне ки дар Русия зиндагӣ доранд, расидагӣ кунад ва ин қишри дар ҷомиа начандон фаъоли аҳолиро ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Русия бештар ҷалбу моил кунад.

Назар Мирзода 62 сол дошта, 1 ноябри соли 1958 дар деҳаи Ялдимичи ноҳияи
Рашт ба дунё омадааст.

Ӯ соли 1985 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кард ва як муддат дар Душанбе дар нашриёти “Ирфон” ва сипас то соли 1987 ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ дар Афғонистон кор кард. Баъди бозгашт аз сафари Афғонистон, Назар Мирзода ба Ленинград ( ҳоло Санкт Петербург) баргашт ва инак наздики 40 сол боз дар пойтахти шимолии Русия кору зиндагӣ мекунад.

Назар Мирзода аз соли 2010 чандин сол консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт Петербург низ буд. Ӯ ҳоло дар донишкадаи хусусии “Балтийский Гуманитарный Институт” дарс медиҳад.

Назар Мирзода шеър менависад. Намунаҳои ашъори ӯ, ки бештар дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, Тоҷикистон ва забони модарӣ мебошанд, пайваста дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд.
Назар Мирзода ду фарзанд ва се набера дорад.

Ин бори аввал нест, ки тоҷик дар Русия дуптат мешавад. Қаблан Раҳим Азизбоевич Азимов 18 сентябри соли 2016 аз ҳавзаи якмандатаии Киров аз номи ҳизби ҳокими “Единая Россия” вакили Думаи давлатӣ, даъвати VII интихоб шуда, узви кумитаи амният ва мубориза бо коррупсия мебошад.

Сол то сол шумораи тоҷиконе, ки ҳарчи бештар ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Русия ворид мегарданд, бештар мешавад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *