Шоисматов Шоисломовро дар Душанбе иваз мекунад

Эргаш Шоисматов, собиқ муовини сарвазири Ӯзбекистон ба мақоми сафири он кишвар дар Тоҷикистон таъйин шудааст ва алакай рӯзи сешанбе бо ҳавопаймои Тошканд – Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон хоҳад омад.

Эргаш Шоисматов 67 сол дошта, зодаи шаҳри тоҷикнишини Ангрени вилояти Тошканд аст.

Масъалаи таъйини Эргаш Шоисматов ба мақоми сафири Ӯзбекистон дар Душанбе алакай байни мақомоти ду кишвар пурра мувофиқа карда шудааст ва Шоисматов рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда, яъне 20 феврал бо парвози навбатии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” ба Душанбе хоҳад омад.

Эргаш Шоисматов дар мақоми сафири Ӯзбекистон Шоқосим Шоисломовро иваз мекунад. Маъмурияти Шоисломов, ки аз соли 2005 тӯли 13 сол сафири Ӯзбекистон дар Душанбе буд, ба поён расидааст ва ӯ ба Тошканд бармегардад.

Эргаш Шоисматов фаъолияташ дар мақоми сафири Ӯзбекистон дар Душанберо бо баррасии масоили омодагӣ ба нахустин сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон оғоз хоҳад кард. Шавкат Мирзиёев қарор аст, моҳи март ба Тоҷикистон биояд.

Сафири нави Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов соли 1951 дар шаҳри тоҷикнишини Ангрени вилояти Тошканд ба дунё омада, Донишкадаи политехникии Тошкандро хатм кардааст. Шоисматов аз соли 1996 то 2001 вазири энергетика ва электрификатсияи Ӯзбекистон ва солҳои 2001-2006 роҳбари ширкати давлатии «Ӯзбекэнерго” буд. Шоисматов солҳои 2006-2010 дар мақоми муовини сарвазири Ӯзбекистон кор кард.

Дар соли 2010 Шоисматов мавриди қаҳри Ислом Каримов қарор гирифт ва бино ба хабарҳо, ҳатто як муддат боздошт ҳам шуд.

Аммо баъдан Шоисматовро сафед карданд ва соли 2014 ӯ раиси иттифоқҳои касабаи соҳаи энергетикаи Ӯзбекистон таъйин шуд. Соли 2016 Шоисматовба мақоми раиси ширкати «Ӯзтрансгаз” – яке аз бузургтарин ширкатҳои давлатии Ӯзбекистон расид. Шоисматов ҳамчунин роҳбарии Федератсияи волейболи Ӯзбекистонро ба ӯҳда дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *