Шойгу: Вокзали Душанбе пур аз шаҳрвандоне буд, ки аз ҷанг мегурехтанд…

Вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу дар бораи гурезагон, даҳшатҳои ҷанг ва дӯстӣ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт.

Сергей Шойгу, вазири вақти мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар солҳои 90-ум, ҳангоми ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон шахсан дар кӯчонидани аҳолии русзабон аз ҷумҳурӣ ширкат дошт.
«Ҳар боре ки ман ба ин ҷо меоям, ман рӯзҳои сахти ибтидои солҳои навадум ба ёд меорам. Он замон дар бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳайси вазири мудофиаи шаҳрвандӣ масъалаҳои башардӯстонаро ҳал мекардам ва русзабононро берун мебурдам. Гоҳо вориди гуфтушунидҳои душвор мешудам ва ба дасти авбошон гаравгон низ афтодаам «, — гуфт Шойгу дар мулоқоти вазирони дифоъи СҲШ.

Дар Тоҷикистон Шойгу якҷоя бо Сарфармондеҳи нерӯҳои заминӣ Эдуард Воробёв кор мекард.
Баъзан лозим меомад, ки на танҳо қатъӣ, балки сахт амал кунанд. Масалан, вақте ки дивизияи 201 ва отряди сарҳадӣ саривақт бо ҳайати шахсӣ тақвият дода шуданд, баровардани силоҳҳои мутамарказ қатъ карда шуд.Дивизияи 201 фурудгоҳро таҳти назорат гирифтанд ва тарки паноҳандагон аз қаламрави ҷумҳуриро ба роҳ монданд.

«Дар он лаҳзаи душвор зарур буд, ки саривақт ҳам тавассути марзбонони мо ва ҳам тавассути дивизияи 201-и мо, ки баъдтар ба пойгоҳи низомии Русия табдил ёфтааст, тасмимҳои душвор гирифта шаванд», — гуфт Шойгу.
» Зиёда аз 150 қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Русия фиристода шуданд. Ва ин яке аз бузургтарин амалиёти ҳифзи сулҳи Русияи нав буд. »
«Вазъ хело зуд тағйир меёфт. Ҳеҷ кас ба мушкилоти гурезагон сарукор надошт. Мо бояд барои кӯчондани ҳазорҳо ҳазор оилаҳо корҳои зиёдеро анҷом медодем ва амнияти онҳоро таъмин мекардем.

«Вокзали Душанбе пур аз шаҳрвандоне буд, ки аз ҷанг мегурехтанд. Маълум набуд, оё қатор мешавад, ё намешавад. Ва он гоҳ бори аввал мо тавонистем ба ин ҷо тақрибан панҷ ҳазор вагон оварем», — ба ёд меорад вазир.
Баъдан, дар соли 1995 якчанд даври гуфтушунидҳо байни оппозисиюн ва ҳукумат дар Маскав ва Кобул баргузор шуданд. Онҳо дар бораи оташбаси қисман созиш ба даст оварданд.

27 июни соли 1997 дар Маскав бо миёнаравии СММ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди оппозисиюни Тоҷик созишномаи ниҳоии сулҳ ба имзо расид. Тибқи натиҷаҳои интихоботи соли 1999, Эмомалӣ Раҳмон президент шуд.

Марбут ба рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандӣ, Шойгу шахсан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мешиносад. Суҳбат дар ҷараёни мулоқотҳо бо забони русӣ низ аз муносибатҳои дӯстона шаҳодат медиҳад.
«Президенти Тоҷикистон ва ман таърихи тӯлонии муносибатҳои воқеан гарму эҳтиромона дорем. Мо 25 сол боз — аз солҳои 1993-94, бо якдигар шиносем «, — гуфт Шойгу.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *