Шолтс: «Сулҳи сард» Русияро аз таҳримҳо раҳо нахоҳад кард
Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон гуфтааст, ки дар сурати ҳосил нашудани созиши сулҳ дар бораи Украина, Русия зери таҳримҳо боқӣ хоҳад монд.
— «Сулҳи сард», ки бо созиш таъмин нашудааст, Русияро аз таҳримҳо раҳо нахоҳад кард,- гуфтааст Шолтс.
Шолтс бар ин назар аст, ки таҳримҳо ба иқтисоди Русия хисороти ҷиддӣ ворид мекунанд. Ӯ ҳамчунин дар мусоҳибае бо Spiegel гуфтааст: «Русия дар вазъияти хеле душвор аст».
Қаблан Шолтс гуфта буд, ки «ба Русия имкон намедиҳад, то дар Украина пирӯз шавад». Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки тавоноии Олмон дар таъмини силоҳ “қариб тамом шудааст”, аммо Олмон тасмим дорад, ки аз Украина бо ҳар роҳ ҳимоят кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ