Шоми ҷавонӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (аксҳо)

Бахшида ба 20 –солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва «Соли ҷавонон» дар саҳни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ, таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз  Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон, Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, Раёсати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, инчунин меҳмонон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Владимир Степанов, ректори Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир ва Юлия Валеева, ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишкадаи кооперативии Қазони Федератсияи Россия  иштирок намуда, аз намоиши дастовардҳои донишгоҳ ва литсейи он дидан намуданд.

Сипас дар қисми расмии чорабинӣ ректори донишгоҳ  Ҳамидуллохон Фақеров меҳмонон ва дигар иштирокчиёни чорабиниро барои ташриф овардан ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Номбурда зимни суханронӣ тамоми дастовардҳои кишвар, аз ҷумла донишгоҳро самараи сулҳу субот, истиқлолияти кишвар ва ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маънидод кард. Дар идома ректор  ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, ифтихори миллӣ, ташаббусҳои наҷиб ва бунёдкориву созандагӣ даъват намуд.

Дар ҳамоиши фарҳангӣ як гурўҳ ҷавонони фаъоли донишгоҳ, ки бахшида ба «Соли ҷавонон» дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ  ва спартакиадаҳо ҷойҳои ифтихориро ишғол карда буданд, бо диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсисдодаи раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, ба донишҷӯёни шӯъбаи ғоибона, ки донишгоҳро бомуваффақият хатм намудаанд, дипломҳо супорида шуд.

Шоми ҷавониро донишҷӯёни дастаи ҳунарии «Тоҷири аҷам» бо барномаи консертии омоданамудаи хеш, ки аз суруду таронаҳои дар васфи Ватан, сулҳ, ҷавонӣ иборат буданд, шукуҳи тоза бахшиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *