Шоми шеъри Тоҷикистону Эрон дар Китобхонаи миллӣ
Имрӯз, 15 январ дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Шоми шеъри Тоҷикистону Эрон» чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, дар ин чорабинии фарҳангӣ шоирону нависандагон ва дигар намояндагони аҳли фарҳанги ду давлат-Тоҷикистону Эрон иштирок хоҳанд кард.
Меҳмонони барномаи фарҳангӣ ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз рафта, бо осори таърихию фарҳангии миллати тоҷик аз наздик шинос мешаванд.
Ҳамчунин, руӯзҳои15-16 январ дар шаҳри Душанбе баргузории Форуми олимон ва пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон дар назар дошта шудааст. Дар ҳошияи форум иштирокчиён бо фаъолияти якчанд муассисаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос мешаванд. Меҳмонони форум мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисорро низ тамошо мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ