“Шпаргалка” ба фишорбаландон

Шумораи шахсоне, ки аз бемории фишорбаландӣ азият мекашанд, сол то сол мефзояд. Дар мубориза бо ин беморӣ флавоноидҳо-антиоксидантҳои табиие, ки кафидани капилярҳоро пешгирӣ карда, раванди таъмини майнаи сарро бо кислород ба низом медароранд, нақши муҳим доранд.

Флавоноидҳо дар таркиби баъзе маҳсулот ба миқдори зарурӣ мавҷуд буда, пайваста истеъмол карданашон барои касоне, ки аз бемории фишорбаландии шараёнӣ азият мекашанд, хеле муфид мебошад. Маҳсулоте, ки чунин антиоксидантҳои табиӣ доранд, инҳоянд:

1. Чойи кабуд.

2. Олуча.

3. Нок.

4. Себ.

5. Донаҳои арахис.

6. Шаҳтути заминӣ.

7. Шоколади сиёҳ.

Барои паст шудани фишори хун ба реҷаи хӯроки ҳаррӯзаи худ маҳсулоти аз калий ва магний бойро низ илова намудан муфид аст. Инҳо:

  1. Биринҷ.
  2. Мевагӣ, махсусан апелсин ва мандарин.
  3. Картошка.
  4. Ярмаи гандум ва ҷав.
  5. Хушкмеваҳо.
  6. Моҳӣ, махсусан хек ва треска.
  7. Шир, маҳсулоти ширӣ, йогурт.
  8. Карами баҳрӣ.
  9. Донагиҳо — лӯбиё, нахӯд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *