“Шпион”-и Толибон дар Тоҷикистон 15 сол гирифт
Суди вилоятии вилояти Бадахшони кӯҳӣ сокини ноҳияи Дарвози Тоҷикистон Сӯҳроб Вазировро бо гуноҳи ҳамкорӣ бо гуруҳи Толибон ба 15 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Дар баробари Сӯҳробҷон Вазиров боз ду сокини дигари ин ноҳия барои «хабар надодан», муҷозот шудаанд. Дар ҳукми суд гуфта шудааст, ки Сӯҳробҷон Вазиров, сокини 44-солаи ноҳияи Дарвоз, давоми ду соли охир бо роҳбари Толибон дар ноҳияи Нусайи Афғонистон, Ҷумъа валади Талбон, тамоси телефонӣ доштааст.
Ноҳияи Дарвози Тоҷикистон бо вулусволӣ ё ноҳияи Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон тақрибан 200 километр марз дорад. Аҳолии Дарвози Афғонистон низ тоҷикон ҳастанд ва солҳои ахир миёни сокинони ин минтақа гурӯҳи Толибон ва созмонҳои дигари ифротӣ то андозае нуфуз пайдо карданд.
Бар асоси ҳукми суди вилояти Бадахшон, Вазиров асосан «мавқеъгирии нерӯҳои ҳукуматии Афғонистонро, ки аз ҷониби Тоҷикистон намоён аст, ба ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон хабар медод».
Дар ҳукми суд омадааст, ки бар асоси маълумоти фиристодаи ин сокини ноҳияи Дарвоз, «ҷангҷӯёни Толибон чанд ҳамлаи муваффақона дошта, чанд афсару сарбози нирӯҳои ҳукуматии Афғонистонро нобуд кардаанд.» Мақомот мегӯянд, аз ин рафтори Сӯҳробҷон Вазиров ду сокини дигари ноҳияи Дарвоз – Аминҷон Тоатови 34-сола ва Қурбонмаҳмад Додови 53-сола хабар доштанд, аммо мақомотро огоҳ накарданд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ