Шуғли пурмаҳсул. Оё квотаи таъмини ҷои корӣ барои маъюбон дастрас аст?
Раъно Хоҷаева, сокини ноҳияи Файзобод ва маъюби гурӯҳи 1-ум бо вуҷуди доштани се диплом ҳоло бекор аст ва муроҷиатҳои пайдарпайи ӯ барои дарёфти ҷои кор ҳар дафъа бенатиҷа меанҷомад.
Шумо нафақа мегиред!
Бори охир Раъно Хоҷаева баъди огоҳ шудан аз эълони ҷойҳои кории холӣ дар ноҳия ҳуҷҷатҳояшро ба аъзои коммисия пешниҳод намуд, аз ду давраи имтиҳон гузашт, вале дар давраи ниҳоӣ бе саволу ҷавоб ба ӯ гуфтанд, ки “аз толор берун шавед”.

“Дар рафти имтиҳон ба 6-7 саволе, ки вобаста ба самти муҳосибот, ҳуқуқ ва истифодаи компютер буд, дар назди намояндагони ҳукумати ноҳия ва дигар азъои комиссия ҷавоб додам. Вақте аз аъзои комиссия пурсидам, ки ман ба ҳамаи саволҳо ҷавоб додам, вале нагузаштам, дар ҷавоб гуфтанд, ки қонуне ҳаст, ки маъюбон нафақахӯранд, аз ҳамон нафақаи мегирифтаашон рӯзгорашонро пеш баранд. Ҳол он ки, ман 380 сомонӣ нафақа мегирам, ду фарзанд дорам, ки якеаш дар синфи ду мехонад, кӯдакон хӯрдан доранд, пӯшидан доранд. Касе ба ман кумак намекунад. Зиндагиам хеле вазнин аст, нангам меояд, ки ба гадоӣ бароям, зеро се диплом дорам”,- нақл кард қаҳрамони мо.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки ҳарчанд ба ҳайати комиссия дар бораи нафақаи ночиз ва дастгириҳои президент нисбати маъбон ёдоварӣ кард, вале ҳамааш бенатиҷа анҷом ёфт.
Қонунгузорӣ чӣ мегӯяд?
Дар моддаи 9-и Қонун “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” гуфта мешавад, ки барои ба кор қабул намудани қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла маъюбон квотаҳо муқаррар карда мешавад. Дар банди дигари он зикр мешавад, нафароне, ки дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд ва касби доштаи онҳо ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ нест, ба онҳо тариқи барномаҳои махсус омӯзиш гузаронида, хизматрасониҳои машваратии касбӣ дода мешавад.
Ҳамчунин, дар асоси модаи 26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳангоми на камтар аз 20 нафар будани шумораи кормандон бояд 5% кормандонашон шахсони дорои маъюбият бошанд.
Вале тавре дида мешавад, ҳамасола шумораи хело ками шахсони дорои маъюбият дар асоси ин квота бо ҷои кор таъмин мешаванд ва ё ба касбомӯзӣ ҷалб мегарданд.
149 нафар бо кор таъмин шуданд
Умед Муродзода, муовини директори Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар чорабиние дар шаҳри Душанбе гуфт, ки солҳои 2023-2024-ум 302 шахси имконияташон маҳдуд тавассути ҷойҳои кори бандшуда (квотаҳо) бо мусоидати мақомоти шуғли аҳолӣ бо кор таъмин карда шуданд, ки бештарашон дар марказҳои хизматрасонии алоқаи мобилӣ, коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ ва ҳунармандӣ, ширкатҳои таксӣ ва дигар идораҳо ба кор қабул шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 3709 волидони яккаву танҳо ва шахсоне, ки дар тарбияашон кӯдакони ноболиғи маъюб доранд, аз ҳисоби квотаҳо бо мусоидати мақомоти шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо ҷои кор таъмин шуданд.
“Аз хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1270 шахси имконияташон маҳдуд ва 3709 волидони яккаву танҳо ва шахсоне, ки дар тарбияашон кӯдакони ноболиғи маъюб доранд, баҳравар гардиданд. Ҳамаи ин дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” амалӣ гардид”,- гуфт ин масъули Оҷонсии меҳнат.
Ба иттилои ӯ, соли 2024 Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тавассути марказҳои таълими калонсолон 199 шахси имконияташон маҳдудро ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ 62 нафар, қаннодӣ ва ошпазӣ 57, ҳунарҳои мардумӣ 14, ороишгар 17, омӯзиши забони хориҷӣ 5, асосҳои омӯзиши компютер 31 ва дигар касбу ихтисосҳо 13 нафар фаро гирифта, ба онҳо шаҳодатнома таъмин шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Холаҳмадзода Солеҳа, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нишасти хабарии моҳи феврали соли 2025 гуфт, ки соли 2024 аз ҷониби вазорат 8 617 шахси ниёзманд тариқи квота бо кор таъмин шудаанд, ки аз ин 149 нафарашро маъюбон ташкил медиҳанд.
Чаро маъюбонро ба кор қабул намекунанд?
Нигина Икромова шахси дорои маъюбият аст, ки ҳоло роҳбари созмони ҷамъиятии ”Ҷилои Нигин” буда, 3 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин кардааст.
Ӯ нақл кард, ки замоне, ки бекор буд, чанд маротиба барои пайдо кардани ҷои кор ба идораву корхонаҳои давлатӣ муроҷиат кард, вале ӯро ба кор қабул накарданд.
“Тақрибан 7 сол пеш ман бисёр ба ин ҳолат дучор мешудам. Ҳар вақте ки барои кор ба корхонаҳои давлатӣ муроҷиат мекардам, имрӯзу пагоҳ ваъда медоданд ё аз ин идора ба идораи дигар равон мекарданд. Мефаҳмидам, ки онҳо маро ба кор гирифтан намехоҳанд ва бо ҳамин роҳ мехоҳанд аз талаби ҷои кор даст кашам. Ҳамин тавр ҳам шуд ва дигар аз пасаш нашудам”,- гуфт Нигина Икромова.
Ба андешаи ӯ, сабаби ба кор қабул накардани шахсони дорои маъюбият набудани шароити мусоид дар корхонаҳо ва табъиз нисбати маъюбон мебошад.
“Роҳбарон фикр мекунанд, ки агар шахси маъюбиятдоштаро ба кор қабул кунанд, ӯ зуд-зуд бемор мешавад ва ё ба қавли дигар рухсатии беморӣ мегирад. Вале набояд фаромӯш кард, ки маъюбият беморӣ нест, танҳо фаъолияти як узви баданашон номунтазам аст, ки барои омӯхтани ҳунар ё анҷом додани аксари корҳо монеа шуда наметавонад”,- мегӯяд Нигина Икромова.
Асадулло Зикрихудоев, роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон мегӯяд, ки онҳо низ кӯшиш мекунанд ба маъюбон барои дарёфти ҷои кор мусодиат кунанд, вале дархостҳои онҳо на ҳамеша аз ҷониби корфармо қабул мегардад.
Ӯ нақл кард, ки корфармо дар аксари маврид надоштани ҷои кори холӣ ё ягон мушкилии дохилиро баҳона мекунад ва ягон корхона сабаби ба кор қабул накарданашро намегӯяд.
“Ҳол он ки, ҳар як идораву корхона муваззаф аст, ки барои шахсони маъюбиятдошта шароити корӣ, яъне пантус ва роҳравҳои мувофиқ дошта бошад. Ҳамаи инро бояд корфармо барои кормандаш, ки аз ҳисоби шахси маъюб аст, фароҳам оварад”,- гуфт Асадулло Зикрихудоев.
Барои нақзи қонун касе муҷозот намешавад
Дар ҳамин ҳол, барои таъмин накардани маъюбон бо ҷои кор, ҳамчунин риоя накардани моддаи 9-и Қонун “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” ва модаи 26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” чунин менамояд, ки корфармо муҷозот намешавад. Дар ин ду санади расмӣ дар бораи риоя накардани он чизе гуфта нашудааст.
Шумораи маъюбон меафзояд…
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумораи умумии маъюбон то 1-уми январи соли 2025-ум 167 108 нафар мебошад, ки аз ин тақрибан 15 000 нафар бо ҷои кори доимӣ таъминанд. Дар соли 2024-ум 11 456 нафар маъюб бори аввал расман ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи омори расмӣ шумораи маъбон сол аз сол зиёд мешавад. Масалан, аз соли 2015 то 2023 шумораи маъюбон ва маъюбоне, ки нафақа мегиранд, аз 14% бештар гардидааст.

Уктам Ҷумаев, коршиноси тоҷик, ки вазъи афзоиши маъюбн ва таъмини онҳо бо ҷои кориро таҳлил кардааст, мегӯяд, зиёд шудани шумораи маъюбон, ки ба зиёдшавии нафақухӯрон оварда мерасонад, барои буҷаи кишвар сарборӣ меорад.
“Дар соли 2023 қариб 8000 нафар маъюб бори аввал ба қайд гирифта шудааст. Афзоиш ёфтани шумораи маъюбон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ аст, ки барои коҳиш додани ҳолатҳои ба маъюбият овардарасонанда барномаи махсусе татбиқ гардад. Зеро агар дар соли 2015 барои хӯрондани як нафақахӯр 4 нафар коргар рост меомад, ин нишондиҳанда ба 3,1 нафар расид, ки хеле ташвишовар аст”,- илова кард Уктам Ҷумаев.
Саволи бепосухи Раъно
… Раъно Хоҷаева, қаҳрамони мо бо 2 фарзанди ноболиғ дар хонаи модари 70-солааш, бо нафақаи камтар аз 400 сомонӣ рӯзгорашро пеш мебарад. Ӯ мегӯяд, ки собиқаи 12-солаи корӣ дар бахши муҳосиботу ҳуқуқ дорад, вале бо 3 диплом наметавонад соҳиби ҷои кор шавад ва зиндагиашро пеш барад.
“Агар ман маъюбам, бояд кор накунам, пас чаро давлат ба ман диплом додааст? Ман бе маълумоти олӣ бошаму ба кор қабул накунанд, он қадар алам намекунад”,- гуфт ин ҳамсуҳбати мо.
Маҳина ДАВЛАТОВА,
журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ