Шуҳрат Сайнаков: Дӯст доштани Тоҷикистон сиёсат не, ҳақикат аст!
Имрӯз 20-уми июл Шӯҳрат Сайнаков сарояндаи сурудҳои мардумию эстрадӣ зимни суҳбат дар пахши мустақими радиои «Тоҷикистон»- и Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки «Дӯст доштани Ватани маҳбуб- Тоҷикистон сиёсат не, балки ҳақиқат аст».
Ш1ӯҳрат Сайнаков сарояндаи тоҷик имрӯз мувофиқи даъвати пешакӣ меҳмони барномаи субҳгоҳии радиои «Тоҷикистон» гардида, ба суолҳои мустақиман пешниҳод намудаи мухлисонаш посух гардонид. Мавсуф ба суоли яке аз шунавандагони радио: « Бобати сафарҳои ҳунариятон ба хориҷи кишвар ёдовар шуда, суруди «Тоҷикистон ҳама дунёи манӣ»- ро зинда сароед», чунин посух гардонид:
— Сафарҳои ҳунарии ман ба хориҷи кишвар аз соли 2009 шурӯъгардида, аввалин сафари ҳунариям ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусия буд. Баъдан ба Туркиёю Эрон ва Пекини Ҷумҳурии халқии Чин буд. Медонед, дар сафар одам ба қадри ватани маҳбубаш мерасад, дарк мекунад, ки то чӣ андоза Тоҷикистон барояш азизу муқаддас аст. Ҳар як қадам ёди ватан, гулбоғи Тоҷикистон мекунӣ. Хулоса дӯст доштани Ватани маҳбуб Тоҷикистон сиёсат не, ҳақиқат аст!
Ба суоли он ки «Ба фонограмма чӣ назар доред?» мавсуф гуфт, ки зидди фонограммахонӣ буда, дар консерти алоҳидаи худ ҳар сароянда вазифадор аст, ки бо овози зиндаи хеш назди мухлисонаш баромад кунад.
Шӯҳрат Сайнаков ҳамчунин аввалин шуда рӯйирост гуфт, ки ӯ ҳеҷ гоҳ клипро қабул надошта, зидди ин падидаи асри 21 аст:
«Ман аз аввал зидди клип будам ҳастам ва хоҳам монд. Клип- ин фиреби назар ва фанди мухлисон аст. Саронда бояд симои асосияшро ба мухлисонаш нишон диҳад, бояд дар саҳнаҳои калон дар назди мухлисонаш бо овози зинда ва чеҳраи аслияш баромад кунад. Бубинед, ки пештар устодони бузурги мо на клип мегуфтанд, на фонограмма ҳама бо овози зиндаи худ, бо чеҳраи аслии хеш баромад мекарданд. Аммо кассе намегуфт, ки «фалони клип накард», ҳама онҳоро дӯст медоштанду гӯш мекард. Ана инро санъати асил мегӯянд, ҳамқадами замон будан хуб аст, аммо асил будан беҳтар».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ