Шукрия Ирфонӣ – Ғазнӣ – Афғонистон

Абрҳои сиёҳ

Мўйҳоямро кутоҳ кардаам,

Медонӣ?

Зеботарам кардааст

Гунаҳои рангпарида.

Мўйи ошуфта,

Ва чашмоне, ки дигар барои ту нахоҳанд гирист.

Нигарони чӣ ҳастӣ?

Дунё ба охир нарасидааст, азизам.

Пас аз ман,

Боз ҳам ба зимистонҳои тозае, ки аз роҳ мерасанд,

Одат хоҳӣ кард.

Ба лабханди ҳамсояат,

Мўше, ки дар девори хонаат лона карда.

Пас аз ман,

Ба атри тамоми заноне, ки ҳамбистарат мешаванд,

Одат хоҳӣ кард.

Кофист барф биборад,

Ва ту чатре дар даст дошта бошӣ.

Мо ҳар ду аз ду фасли дур ба ҳам расида будем,

На шавқи алафҳои тоза аз поҳои бараҳнаи ман рафт,

На абрҳои сиёҳ аз осмони торики ту,

Нашнидани овозат зеботарам кардааст ин рўзҳо.

***

Ҷони ҷонон

Даст бикаш бар андомам,

Ки фарозу фурўди ҷаҳон аст.

Туро ба ҷони хеш фаро мехонам,

Ва лабрезат мекунам аз ишқ.

Ба оғўшам бигир,

Бо ҷаҳон яке шав,

Шодӣ аз ин ҷо оғоз мешавад.

Хилқат аз ин ҷо,

Марг аз ин ҷо,

Ба оғўшам бигир,

Ва ҷаҳонро дўст бидор.

Ҷаҳонро бо тамоми мазореи тарёку гандумзорҳояш,

Бо хўша-хўша кулоҳакҳои атомаш,

Токистонҳояш.

Ва маро дўст бидор,

Бо ғамҳоям, шодиҳоям.

Ҷаҳоне ҳастам, ки туро ба хеш фаро мехонам,

Ва мехоҳамат, ки ламс кунӣ урёниамро.

То ошкор шавад бар ту,

Ҳақиқати оёти худовандгор.

Ҳеҷ паёмбаре ҷуфти худро ба осмонҳо набурд.

Ман осмонам,

Хокам,

Дарёям,

Ва ту дар оғўши ман ҷовидона хоҳӣ гашт.

شکریه عرفانی- غزنی- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *