«Шукрона» кунед, ки… бой додед… (памфлет)

… Баъзан одам аз ”тавбаи насуҳ” ҳам гузашт мекардааст… Албатта, бо “васвасаи шайтон”. Сӣ сол пеш аҳд карда будам, ки дигар ҳаргиз на ба “абрака дабрака”-ҳо ва на ба “қизили сангаю қароси манга” ва дигар намудҳои “пулкоркунии” бедарди миён наздик намешавам. Ин қавли худро то рӯзи 6-уми август мардак барин нигоҳ доштам. Аммо…

Дар он рӯзи наҳс гузорам ба фурӯшгоҳи “Садбарг” афтод ва маҳз дар ҳамон ҷо қурбонии “Шукрона” шудам.

Вақте ғарқи хаёл аз он ҷо гузар мекардам, садои марде маро ба худ овард: ”Ака, шуморо як дақиқа мумкин? Шахси табаррук менамоед, як бо дасти муборакатон ҳамин коғазро боз кунед…”. Аз афташ, “шахси табаррук” гуфтанаш форид, ки ба назди ӯ, ки дар назди дӯкончаи сайёри чатрдоре меистод, рафтам. Он ҷо ҷавонмарди чорпаҳлуе, ки “куҳро занад, талқон мешавад”, бовиқор менишаст ва   ба фурӯши “коғазҳои сеҳрнок” машғул буд. Коғазчаи сӯзанакзадаеро, ки мард ба ман дароз кард, кушодам. Дар дохилаш “500 сомонӣ” навишта шуда буд. “Ин ба ман?”,- пурсидам аз он ҷавон. ”Не, ин аз они ин кас”,- ба марди маро “табаррукӣ” гуфта ишора намуд.  

“Ана, ҳоло агар шумо ҳам даҳ сомонӣ партоед ва агар шумораи он ба ин шумораҳо дуруст гирад, соҳиби чаҳорсад сомонӣ мешавед”,- ба тахтаи болои мизаш ишора намуд “коғазфурӯш”. Ман, ки бори аввал ин бозиро медидам, чӣ гуфтанамро надонистам. Дудилагии маро ҳис карда, марде, ки он замон “бо дастони мубораки ман” соҳиби 500 сомонӣ шуда буд, гуфт:

— Акаҷон, гиред, дастатон баракат доштааст, ман ҳам бо шумо ҳамроҳ мешавам, шонсамон баландтар мешавад ва шояд аз ду рақам яке “красний” ғалтад.

Ман даҳ сомонӣ дода, як коғаз гирифтам ва он марди пулбурида низ. Аммо бо амри тақдир ва ё амри он паҳлавони сари деги “лохотрон” ҳарду коғаз ба рақамҳои “чёрний” афтод. Соҳиби коғазҳо гуфт: “Агар ҳоло бист сомонӣ партоеду ин бор коратон омад кунад, якбора соҳиби 800 сомонӣ мешаваед”. Дидам, ки “ҳамроҳи” ман аз бой додан ғамгин нашуда буд ва маро ба бозии нав даъват кард:

— Ҳеҷ мумкин не, ки боз бахтамон омад накунад, биёед бистсомонигӣ мепартоему боз як бори дигар мебинем…,- бо табассуме, ки морро аз хонааш мебарорад, ба ман бо гардани каҷ муроҷиат намуд “напарникам”.

Ҳарчанд намехостам аз охирин бистсумаам ҷудо шавам, аммо шуълаи умедро дар зери хокистари ноумедиҳо дида, “э, биёее…” гуфтаму онро болои миз партофтам. Боз ҳам ноомади кор…

Бо дили пурармон он ҷойро тарк карданӣ шудам, ки аз пасам фарёд шуд: “Ҳой амакӣ! Биё, 50-и дигар парто, соҳиби 1000 мешавӣ, пулат намесӯзад…”. “Не, пулам аллакай сӯхт, акнун ба ҷои як кило ним кило гӯшт мебарам” гуфтам.

Фаҳмидам, ки он шайтонмарди дар ҷустуҷӯи “дасти табаррук” буда рафиқи ман нею “рафиқи хирс” будааст. Он дам ба ёдам тавбаи насуҳам расид ва фаҳмидам, ки онро шикастаму ба дом афтодам…  

…Чанд сол пеш ВКД маъракаи бонатиҷаеро бар зидди найрангбозони кӯчагӣ ба роҳ монда буд ва ин шикорчиён аз кӯчаю бозорҳои пойтахт нест шуда буданд. Аммо ҳоло мавҷи дуюми онҳо бо “либоси қонунӣ” зуҳур кардааст. Аз ҷумла, ҳамон “гӯлзанхонаи” тасвиркардаи мо, ба қавли ҷавонмарди коғазфурӯш, моли ҷамъияти “Шукрона” будааст.

А. АҲМАДЗОДА, шукронагӯи фурӯшгоҳи “Садбарг”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *