«Шукуҳи Ворух»-и Додохони Эгамзод муаррифӣ шуд
Дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ муаррифии чоркитоб ё осори чорҷилдаи мунтахаби нависандаи маъруфи тоҷик Додохони Эгамзод таҳти унвони «Шукуҳи Ворух» бо иштироки аҳли илму адаб баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод нишастро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла баён доштааст, ки “номи қаламкаши варзида, рўзноманигор ва нависандаи шинохта Дадохони Эгамзод на танҳо барои аҳли адабу фарҳанги тоҷик, балки берун аз он низ шиносу ошност. Дар бораи кору эҷоди ин марди шарифу боҳунар бисёр гуфтаанду ва ҳам навиштаанд. Осори мунтахаботи чорҷилдаи нависанда Дадохони Эгамзод аз камолоти эҷодии ҷадиди ин адиб шаҳодат медиҳад”.
Дар ҷараёни нишаст ҳамчунин мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, раиси Шўрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддини Хоҷазод, дотсенти кафедраи адабиёти муосири ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Субҳони Аъзамзод, сармуҳаррири рўзномаи «Сухани халқ» Абдусабури Абдуваҳҳоб, нависандаи ҳаҷвнигор Эгамназари Соҳибназар, директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов ва дигарон дар бораи паҳлуҳои эҷодии нависанда ва китоби чорҷилдаи «Шукуҳи Ворух» андешаҳои хешро изҳор доштаанд.
— Таъкид шуд, ки осори мунтахаботи чорҷилада бисёр рамзист, ки «Шукуҳи Ворух» ном гирифтааст. Ворух як гўшаи қадимаи сарзамини тоҷикон, дорои суннатҳои миллӣ ва сарзамини афкору андешаҳои созанда, ватандўстона ва меҳанпарварона буд ва боқӣ хоҳад монд. Ин сарзамини куҳани тоҷикон барои матбуоти тоҷик бисёр нобиғаҳои мондагор, аз ҷумла нависанда Додохони Эгамзодро офаридааст ва ба камол расонидааст, ки ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон гардидаанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ