Шукурҷон Зуҳуров: Асосан мансабдорон даст ба коррупсия мезананд
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба хабари боздоштҳои ахири кормандони баландпояи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ишора, карда аз сатҳи баланди фасоди молӣ дар кишвар нигаронӣ намуд.
Вай гуфт, ки “асосан мансабдорон ба коррупсия даст мезананд, онҳое, ки корро иҷро мекунанд. Ё шахсони дорои маблағҳои зиёд, ки барои иҷро кардани корашон ба ҳамин роҳ мераванд ва пора медиҳанд. Касе, ки ба коррупсия даст мезанад, имрӯз ё фардо ҳатман муҷозот мешаванд. Мо инро дар мисол дида истодаем. Одамоне, ки худашон бояд алайҳи коррупсия мубориза мебурданду иродаи суст доштанд, баъди чанд вақт муайян шуданд. Онҳо дар назди қонун ҷавоб медиҳанд.»
Раиси парлумони Тоҷикистон дар идома гуфт, “агар мансабдор дили покиза дошта бошад, ҳеҷ гоҳ даст ба коррупсия намезанад. Аммо дар Тоҷикистон ба ҳамин хотир мансабдорон корро кашол медиҳанд, ҳуҷҷатеро, ки барои таҳияааш як соат лозим аст, моҳҳо кашол медиҳанд. Ин танҳо ба хотири тамаъ аст. Дар масъалаи додани литсензия аз ҷониби вазорат низ ҳамин гуна ҳолат ба чашм мехӯрад. Мо шоҳид будем, ки даҳҳо маблағгузорону сармоядорон ба Тоҷикистон омада, ҳамин тавр баромада рафтанд. Сабабаш маълум буд, ки ба мувофиқа нарасиданд. Онҳо бо лоиҳаҳои мушаххас омада буданд, ки дар иҷрои онҳо пул ҳам меомаду ҷойҳои зиёди корӣ ташкил мешуд.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ