Тафсилоти суҳбати Зуҳуров ба сафири нави Афғонистон дар Тоҷикистон

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири фавқуллода ва мухтори Давлати Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Тавре ки Муҳаммадато Султонов, сухангӯи    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон  иттилоъ дод, дар оғози мулоқот Шукурҷон Зуҳуров дипломатии Кобулиро ба муносибати ба ин мақом таъин шуданаш табрику муборакбод намуда, изҳор дошт, ки бо таъин шудани Шумо дар ин мақом муносибатҳои кишварҳоямон дар давраи фаъолияти Шумо боз ҳам тақвият меёбанд.

Боиси қаноатмандист,- ки гуфт Шукурҷон Зуҳуров имрӯз дар партави талошҳои муштараки Сарони ду кишвар ва натиҷаҳои вохӯриҳои сатҳи олӣ ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бемайлон густариш меёбанд ва дар ростои манофеи мардумони ду кишвар самтҳои навро фаро мегиранд.

Тоҷикистон пайваста мекушад, ки ҷиҳати густариши бештари муносибатҳои тиҷоратӣ, абзорҳои навин ва муосири густариши ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба монанди ҳамоишҳои сармоягузорон, анҷуманҳои тоҷирон, намоишҳои бузурги муштараки иқтисодӣ ва тиҷоратӣ эҷод ва фаъол шавад.

Дар самти тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва башарӣ тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ, бахусус ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ ва робитаҳои мустақимӣ корӣ байни вилоятҳои  наздисарҳадии ду кишвар нақши бориз доранд. Дар ин самт комиссияҳои корӣ дар сатҳи роҳбарони вилоятҳои ҳаммарз фаъоланд ва ҳар сол ба навбат ҷаласаҳои онҳо дар кишварҳои ҳамдигар баргузор мешаванд.

Имкониятҳои транзитии Афғонистон бояд барои рушди тиҷорати байниминтақавӣ хидмат кунанд ва ин кишвари дӯст аз тиҷорату транзит ҳамчун абзори муассири инкишофи иқтисодии кишвар ва ҳамкориҳои судманди минтақавӣ истифода кунад. Зеро тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ ҳам ба нафъи мардуми Афғонистон ва ҳам ба нафъи рушди босуботи минтақа мебошад.

«Имрӯз дар Афғонистон бояд пружаҳое амали шаванд, ки мардумро ба меҳнати осоишта ҷалб карда тавонанд. Мо бояд ҳамкориҳои иқтисодиамонро бештар ривоҷ диҳем»,-афзуд  Шукурҷон Зуҳуров.

Сафири фавқуллода ва мухтори Давлати Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ  низ хостори густариши муносиботи парлумони кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд ва таъкид дошт, ки истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумони Тоҷикистон барои такмили фазои қонунгузорӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *