Шукурҷон Зуҳуров бо Элизабет Инга Миллард мулоқот кард
Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири фавқуллода ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Инга Миллард бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар оғоз дипломати Амрикоиро ба муносибати ба ин мақом таъин шуданаш табрику муборакбод намуда иброз дошт, ки дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун сиёсатмадор ва дипломатии варзида, ки дар аксар кишварҳои дунё ба сифати сафир кор кардаед мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.
Умед дорем, ки Шумо дар ин маком, дар сиёсати хориҷии худ ба муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Амрико диққти ҷиддӣ медиҳед.
То кунун 30 — санад миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амрико ба имзо расида, ин кишвар ба Тоҷикистон ба маблағи 600 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона расонида шудааст, ки мо инро қадрдонӣ мекунем.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки имрӯз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 корхонаҳои муштараки Тоҷикистонию — Амрикоӣ фаъолият мекунанд, ки 9 — тои онҳо сирф амрикоӣ мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ сиёсати дарҳои бозро пеша карда, дари мо ба рӯи он кишварҳое, ки ба мо назари нек доранд, доимо кушода аст.
Имрӯз шароити хуб ва муносиб барои ҳамкориҳои дуҷонибаи байни кишварҳоямон фароҳам оварда шудааст. Тоҷикистон захираҳои бойи табии дорад. Мо метавонем дар соҳаи энергетика, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва меваҳои тару тозаи аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ва дигар соҳаҳо бо Амрико ҳамкориҳои судманде дошта бошем. Албатта барои ин бунёди корхонаҳои муштарак лозим аст, ки ҳар ду кишвар тавонанд аз он суде барои худ бардоранд.
Дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаи густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конгресси Амрико дар оянда таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки самараи сафар ва мулоқоту вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико буд, ки муносибатҳои мутақобилаи ҷонибҳоро ба сатҳи сифатан нав баровард.
Зикр шуд, ки ба роҳ мондани рафту омади намояндагони парлумонҳои кишварҳои якдигар барои боз ҳам густариш пайдо кардани муносиботи мамлакатҳои мо мусоидат намуда, дар самти истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати таҳия ва омода намудани қонун ва дигар санадҳо кӯмак хоҳад кард.
Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба раванди демократикунонии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун дар кишвар ибрози назар намуда, изҳор дошт, ки бо гузашти солҳо таҷрибаи қонунофарии вакилони Маҷлиси намояндагон боз ҳам ғанитар гардида, онҳо талош мекунанд, ки санадҳои ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳониро таҳия ва қабул кунанд. Омили асосии ҳамаи ин комёбӣ ва муваффақиятҳо барқарор ва таҳким бахшидани муносиботи миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни олам мебошад.
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки барои Тоҷикистон ва Амрико имконоти хеле зиёди ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад. Парлумонҳои ду кишвар метавонанд дар таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ нақши калидӣ бозанд, таъкид кард Шукурҷон Зуҳуров ва илова намуд, ки тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба шароити боз ҳам муносибтареро дар раванди тақвияти ин муносибот фароҳам хоҳад овард.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амрико дар чаҳорчӯбаи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ – техникӣ асос ёфта, дар сояҳои дӯстӣ раванди рӯ ба инкишофро касб кардааст. Ин равобит дар руҳияи боварии байниҳамдигарӣ чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар сатҳи бисёрҷониба сурат мегирад, ки барои ҳарду тараф манфиатбахш мебошад.
Дар мулоқот дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ табодули назар карда шуд. Зикр гардид, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки ин санадҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байни Тоҷикистон ва Амрикоро ба вуҷуд овардаанд.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати куҳӣ, сабук ва ҳамчунин кишоварзӣ дорои дурнамои умедбахш номида шуд.
Сафири фавқуллода ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Инга Миллард Шукурҷон Зуҳуровро ба муносибати 25 — умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, изҳори боварӣ намуд, ки бо таъин шудани ӯ ба ин мақом муносибатҳои дипломатӣ ва дуҷонибаи Тоҷикистону — Амрико ба маҷрои нав мебарояд.
Дипломати амрикоӣ дар навбати худ хостори густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварашон бо парлумони Тоҷикистон шуда илова намуд, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар раванди демократикунонии ҷомеа имрӯз нақши калидӣ мебозад. Хеле гуворост, ки бештари қонун ва санадҳое, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия ва қабул шудаанд, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд.
Дар мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба вазъи минтақа ва ҷаҳон ва вазъияти Афғонистон табодули назар карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ