Шуъла Гулрухӣ — Париж — Эрон

Орзу

Рўзҳои хуб,

Рўзҳои бо ту будан,

Рўзҳои сурмаии пурранг.

Дар барафҳои қаҳваии шадид,

Рўзҳое, ки кутамро бармедорам,

Ва меоям сари қарор,

Зебо ва нигарон.

Рўзҳое, ки бод,

Туро васати осмон мебарад.

Рўзҳое, ки ман парт мешавам,

Холӣ аз одамҳо,

Бидуни замон,

Рўзҳои чой,

Дар ҳавои сард,

Рўзҳое дастони доғат,

Даври истакани зиндагиям.

Ва лабҳои паридарангат,

Дўстат дорам ман.

Чи рўзҳои ороме,

Мисли қурсҳои оромбахш,

Дар шабҳои сафед,

Мисли модарбузург,

Баъди гиряҳои тўлонӣ,

Мисли ту қабл аз ман,

Қабл аз ҳар чизе, ки нафас мекашад.

***

Барбодрафта

Кишварам мурд,

Солҳост.

Қалбҳоямро туи сок гузоштам,

Ва ба ҷойе рафтам,

Ки дарахтҳои баланде дошт.

Ба дунболи осмоне кўтоҳ,

То битавонам шабҳо ламсаш кунам,

Ва рўзҳои фаромўшаш.

Ба дунболи замине,

Аз ҷинси пироҳанам.

То рўзҳои ҷанг,

Мувозиби танам бошад.

Ба дунболи фурсате ошиқона,

То қалбҳоямро,

Рўйи дарахтҳо овезон кунам.

Солҳост роҳ меравам,

Зери осмоне кўтоҳ.

Рўйи замине аз ҷинси пироҳанам,

Имрўз, аммо,

Қалбҳоям тамом шуданд.

***

Оҳ

Бар рўзҳое дер мерасам,

Ба асрҳое дер.

Ба қаҳваи дере, ки таоруфам мекунӣ,

Ба чашмони дере, ки нигоҳ мекунамат.

Мерасам ба як талхӣ,

Финҷонамро хомўш мекунам.

Ва чароғҳоро бармегардонам туи наълбакӣ,

Ҳоло метавонӣ,

Бароям аз фардоҳои дур бигўӣ.

شعله گلرخی — پاریس — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *