Шулукдармонӣ. Он ба киҳо тавсия дода мешавад?

Табибон баъзе бемориҳоро бо шулук табобат мекунанд ва инро дар тиб гирудотерапия (истифодаи шулукҳои тиббӣ барои табобат) мегӯянд.

Шулукдармонӣ ба кӣ тавсия дода мешавад?

1. Ба беморони пӯст — (хориш), псориаз (қӯтур), аллергия, рехтани мӯйи сар, сабӯсак, экзема.

2. Ба бемориҳои занона — (безурётӣ, сироятҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда, эрозияи гарданаи бачадон).

3. Ба бемориҳои ЛОР (тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳо), отит (илтиҳоби гӯш).

4. Дар кардиология (гипертония — фишори баланди хун, инфаркти миокард).

5. Дар ревматология (тарбод, артрит (илтиҳоби буғумҳо).

6. Дар асабшиносӣ (неврит (илтиҳоби периферии асаб), парез (нимфалия — андаке гум шудани ҳаракат дар қисми фалаҷшудаи бадан).

Сеансҳои муолиҷаи шулукӣ дар ҳолатҳои интиқоли хун (коагулятсия), вақте ки варамҳо (омосҳо) дар бадан мушоҳида мешаванд, инчунин ҳангоми ҳомиладорӣ бекор карда мешаванд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *