Шумо кистед, Алишер — ака?

чор маслиҳати  миллиардер барои бойшавӣ

…Вақте  ки дар бораи ин мард  сухан меравад, дар ҳамаи расонаҳо ӯро чун миллиардери ӯзбектабори Русия қаламдод мекунанд. Дар бораи ӯ ва фаъолияташ аз интернет маводҳои зиёдеро пайдо кардан мумкин аст, аммо…Беҳтараш, биёед он чӣ дар арафаи соли нави 2019 байни мо ва  акаи Алишер сурат гирифт, гӯяму монам. Усмонов дар Фейсбук саҳифаи худро дорад ва боре дар ин саҳифааш  ӯро бо зодрӯзаш, ки 9 сентябр аст, табрик гуфтам. Вақте ки аз миллиардер дар ҷавоби ин табрикот изҳори сипос намуданашро хондам, ба воҳима афтодам: Охир нафаре, ки қариб 20 миллиард доллар дар киса дорад, вақташро дареғ надошта, ба мане, ки дар як моҳ ҳамагӣ “музди миёна барои ҳисобу китоб” мегирад, ҷавоб мегуфт. Ҳарчанд “дарвозӣ нестам”, аммо зуд аз банди дасташ қапидам: “Ба ман интервю медиҳед…” Ӯ, ки шояд аз    ҷавоб доданаш пушаймон шуда буд, ноилоҷ гуфт: “Майлаш, фақат корам зиёд аст, моҳи декабр даъват карда, ба саволҳоят ҷавоб медиҳам”.

Инак, бо ташаббуси миллиардер Алишер Усмонов  мо дар яхтаи шахсии он кас бо номи “Дилдор”, ки дар наздикии соҳилҳои баҳри Миёназамин шино дошт, ҳамсуҳбат мешавем.

-Аввалан, шуморо аз ҷониби  журнали Forbes бори чандум шахси аз ҳама дорои Инглистону Русия эълон шуданатон  табрик мегӯям

-Раҳмат, аммо ин ҷанобон фақат ба ҳисоб кардани пули кисаи мардум ҳунар доранд. О, худатон ҳам миллиардер шавед, мемуред?

Алишер Бурҳонович, мо ҳоло савори  “Дилдор”-ем. Мутахассисон  нархи онро тахминан 600 миллион доллар мегӯянд…

-Ҷӯраҷон, мебахшию, лекин ту ба ин ҷо барои муайян кардани нархи ҳамин киштича омадӣ ва ё мехоҳӣ роҳҳои  бойшавиро омӯзӣ? Худат гуфта будӣ,ки ҳамчун як ҳамдиёр роҳи муваффақ шуданро омӯхтан мехоҳӣ. Аммо саволҳое медиҳӣ  ки…

-Не, албатта. Мехостам, ки шумо роҳҳои дастёбӣ ба  дороиро нишон диҳед…

-Намояндагони касби шумо фақат коҳи куҳнаро бод карданро дӯст медоранду пули дигаронро ҳисоб кардан. Майлаш, мегӯям. Миллиардер шудан чор шарт дорад.  Шарти аввалаш ин, ки зани хубу кордон меёбӣ…

-Аллакай дер шуд…Вале барои дигарон ин маслиҳататон шояд ба кор ояд…

-Баъдан, ҳаргиз аз кори назарногир рӯй наметобӣ…

-Яъне,  мисли шумо  фаъолиятро аз фурӯши пакетҳои пластикӣ сар карда, то ба миллиардерӣ расем?   

-Не, ин баъдтар буд. Ман қабл аз пакетфурӯшӣ  МГИМО-ро (Донишкадаи  дипломаттайёркунии Русия. А.А.) хатм карда будам. Дар рӯзҳои бепулиам,  асосан ба тарҷумонӣ  аз забони арабӣ  машғул будам. Ана баъд ҷӯраҳо ба Маскав даъват карданду дар он ҷо кооперативи “Агропласт”-ро ташкил кардам, ки ана ҳамин пакетҳои гуфтаатро истеҳол мекард. Ана аз ҳамин ҷо сар шуд…

-Баргардем ба оғози фаъолиятатон. Шумо дар Чусти вилояти Намангон таваллуд шудаед, ки аксаран он ҷо тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Ин ноҳия се маротиба   вилоят иваз кардааст. Аввал Фарғона, баъд Андиҷон ва баъд боз Фарғонаю ниҳоят Намангон.  Чаро?

-Илтимос, саволҳои сиёсӣ надеҳ, ки ман як бор комсомолу баъд коммунист будам, бас аст. Беҳтараш ана аз ин шӯрмоҳӣ хӯру пивои чехиро майда кун. (бо даст ба шикамаш ишора намуда). Ин нушокии дӯстдоштатарини ман  аст. Ҳоло агар Ира (Ирина Виннер, ҳамсари Алишер -ако А.А.) ин ҷо мебуд, барои он ки меҳмондории …шарқӣ накардам, маро коҳиш мекарду…

-Мебахшед, чун сухан аз янга рафт, мегӯянд, ки он кас дар бойшавии  шумо кумак расонида будаанд…

-Аввал, гапи  аз худ калонро буридан камоли  беэҳтиромист. Дуюм,  ҳарчанд Ира аз миллатест, ки бузургтарин миллиардерҳо аз ҳамон миллатанд, ба доро шудани ман алоқамандие надорад. Ӯ тренер оид ба  гимнастика аст ва яке аз шогирдонаши беҳтаринашро шояд  хуб шиносӣ…

-Шумо Алина Кабаеваро дар назар доред?

-Бале, Ира дар шинохти истеъдодҳо ҳамто надорад. Вай…

-Ба ин шубҳа надорам, вақте ки шуморо шавҳар интихоб кардааст…

-Боз миёни гапро шикастӣ. Ҳаргиз аз ту миллиардер намебарояд..

-Чаро?

-Шарти сеюми бойшавӣ ин аст,ки ба гапи ҳама гӯш медиҳад ва идеяи беҳтаринро аз байнаш ҷудо карда, амалӣ месозад. Он гоҳ ҳам “Арсенал”-ро мехараду ҳам соҳиби яхтаи бузургтарини шашсадмиллиона  мешавад. Ин хислатро дар ту намебинам…

-Маро ноумед кардед, барои ҳамин саволи сиёсӣ медиҳам. Британияи Кабир шуморо дар қатори шахсони наздик ба Владимир Путин ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст ва зидди худатону моликиятатон таҳрим ҷорӣ намудааст. Магар аз ин ҳарос надоред?

-Таҳримро кӣ ҷорӣ кардааст? Англия? Ман худам шаҳрванди ин кишвар  ҳастам ва дар он ҷо моликияти калон дорам. Ҳатто командаи футболи “Арсенал”  аз ман буд, ки бо фоидааш ба наздикӣ фурӯхтам. Пул ҳамаи масъалаҳоро ҳал мекунад. Аз ҷумла, таҳримро ҳам. Пулро ҳам дар Шарқу ҳам дар Ғарб дӯст медоранд. Аҷаб одамони хушбоваред шумо…ӯзбекҳо, мебахшӣ, тоҷикҳо…

-Чун сухан аз футбол рафт, агар дар ёд дошта бошед, дар охири умри Шӯравӣ “Помир”-и Душанбе “Пахтакор”-и Тошкандро бо ҳисоби 3-1 зада, ба лигаи олӣ баромада буд. Афсӯс,ки СССР барҳам хӯрду лигаҳо ҳам аз байн рафтанд.Ҳоло шумо “Пахтакор”-ро бо маблағ таъмин намуда, мисли пешина машҳур карданӣ будаед. Магар “Пахтакор” бе “Помир” машҳур шуда метавонад?  Чӣ мешуд, ки дар соли 2019  ба ҳамин “Помир”-и мо ҳам ёрӣ расонеду ба по хезонед. Командаи бегона не ку…

-Албатта, бегона не. Ман ин нақшаро дар сар дорам. Фақат роҳбарони  командаро гӯед бо ман тамос гиранд, роҳи ҳаллашро меёбем…

-Саволи охирин. Аслан шумо кистед, Алишер — ако? Тоҷик ӯзбек,рус, инглис, шайхи араб?

-Ҳммм.Ана ниҳоят саволеро додӣ,ки ба хотири ҷавоб ёфтан ба он ба ин ҷо омада будӣ. На ин, на он ва на сеюмӣ ва дар навбати худ, ҳамаи он дар як вақт.Магар доллар миллат дорад? Дар кисаи касе бошад, миллаташ ҳамон аст. Ман Алишер Усмонов ҳастам, як шахси нафақахӯре,ки гоҳ — гоҳе ҳоло ҳам шамшербозӣ мекунам. Ҳаҷми нафақаамро худат медонӣ.Тоҷикон як гап доранд: “Ба Худододагон баҳс макун,ки ба онҳо Худо додааст…” Так что…

 -Мебахшед, Алишер — ако шарти чоруми бойшавиро нагуфтед ку?

-Шарти чорумаш ҳамин,ки ҳаргиз асрори бойшавиатро ба касе нагӯй….

-Фаҳмидам. Ташаккури зиёд. Дар Соли нав ба шумо ва Ирина хонум аз номи ҳаводорони “Тоҷикистон”  хушбахтӣ ва миллиардҳои нав орзу мекунам.

Абдумудассир АҲМАДЗОДА

(Мусоҳиба  дар арафаи Соли нави 2019 сурат гирифтааст)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

12 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *